Ҳамкории сафорати Иёлоти Муттаҳида бо созмони «Spirit of America» барои ҳифзи мактаби афғонии «Сомониён» дар Душанбе

Душанбе, Тоҷикистон, 2 декабри соли 2021 – Созмони хадамоти шаҳрвандии “Spirit of America” дар шарикӣ бо сафорати ИМА дар Душанбе имрӯз аз тааҳуди маблағгузории мактаби афғонии “Сомониён” хабар дод, ки дар натиҷа дари ин муассисаи таълимӣ барои донишомӯзон аз ҷомеъаи паноҳандагони афғони муқимӣ дар Тоҷикистон боз хоҳад буд.  Дар посух ба ниёзи ҳаётии кӯдакони паноҳанда созмони “Spirit of America” барои фаъолияти ин мактаб дар тӯли 12 моҳи оянда беш аз 80,000 доллар сармоягузорӣ мекунад.

Мактаби “Сомониён” воқеъ дар ш. Душанбе  ба беш аз 450 донишомӯз аз кӯдакистон то синфи ёздаҳум хидмат мерасонад. Ин ягона матктаб дар Тоҷикистон аст, ки барномаҳои таълимии Афғонистонро бо забони дарӣ пешниҳод мекунад.  Мактаби мазкур, ки ба дунболи фурӯпошии давлати Афғонистон дар хатари баста шудан буд, бо кумаки созмони “Spirit of America” фаъолияти худро идома хоҳад дод. Ин созмон хароҷоти иҷора, ҳамлу нақли донишомӯзон, харидории мебел, таъмири ҷузъӣ ва дастрасӣ ба интернетро пардохт мекунад.

Ҷим Ҳек мудири иҷрояи созмони “Spirit of America” қайд намуд : “мо бо ифтихор беш аз 80000 долларро сармоягузорӣ мекунем, то итминон ҳосил кунем, ки беш аз 450 кӯдаки овораи афғон ба таълими босифат дастрасӣ доранд ва метавонанд бо руёҳо ва орзӯҳои мушобеҳи соири писарону духтарон дар саросари ҷаҳон рушд кунанд.”  “Воқеаҳои ғамангези ахир дар Афғонистон фишори зиёдеро бар бисёре аз кишварҳо ворид кардааст, аммо ҳамчунин нишон додааст, ки чигуна ҷомеаҳо метавонанд барои кумак ба ниёзмандон муттаҳид шаванд. Мардуми тоҷик, ки ба арзишҳои волои худ пойбанд ҳаст, ҳусни нияту меҳмоннавозии фавқулодаеро нисбат ба паноҳҷуёни афғон дар ин кишвар, нишон дод. Бо нишони ҳамбастагӣ Spirit of America мактаби “Сомониён”-ро барои паноҳҷуёни афғон дар давоми 12 моҳи оянда маблағгузорӣ мекунад.”

Ноҷия Зоҳир мудири мактаби “Сомониён” гуфт: «мо қадрдонии самимии худро ба “Spirit of America” ба хотири фароҳам овардани шароит ба ин писарону духтарон ҷиҳати идомаи таҳсил, иброз мекунем. Ин кумаки арзишманд воқеан зиндагии донишомӯзони моро тағйир медиҳад.”

Ҷон Марк Поммершайм сафири ИМА дар Тоҷикистон аз ин кумак истиқбол кард. Сафир гуфт: ” мо аз “Spirit of America” барои ҳимояти саховатмандонааш, ки ба ҷавонони осебпазири афғон роҳе барои ояндаи беҳтар медиҳад, сипосгузорем. Мардуми Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо паноҳҷуёни афғон дар канори ҳам истодаанд.”

Ин кумаки молӣ илова ба ҳамкории “Spirit of America” ва сафорати Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз се маркази ҷамъиятӣ дар Ваҳдат аст, ки бо забони англисӣ,  фанноварӣ ва барномаҳои касбиро ба беш аз 2500 тоҷику афғон пешниҳод мекунанд. “Spirit of America” навсозӣ ва дастрасӣ ба интернети баландсуръатро барои Маркази таълимии Корвон, Маркази технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсия ва Маркази ҷавонони Ваҳдат маблағгузорӣ кардааст, ки ба ҷавонони тоҷику афғон дар шаҳри Ваҳдат имкон медиҳад, ки аз захираҳо ва имкониятҳои таҳсилот бархурдор шаванд. 

Тааҳуд ба мактаби “Сомониён” бар заминаи даҳсолаҳо раҳбарии ИМА дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона ва кумак барои тавсеа асос ёфтааст.  Аз соли 1992 то кунун мардуми Амрико беш аз 1.8 миллиард доллар дар барномаҳо ва кумакҳои башардӯстона барои ҳимоят аз ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ироа кардаанд. Дар баробари ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бузургтарин донори кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон ва ба паноҳҷуёни афғон дар минтақа боқӣ мемонад, ки дар соли гузаштаи наздик ба 474 миллион доллар ба ин кишвар кумаки башардӯстона ирсол кардааст.

Дар бораи “Spirit of America”

“Spirit of America” як созмони ғайритиҷоратӣ воқеъ дар ИМА аст, ки бо сармоягузории хусусӣ шаҳрвандонро ба таҳкими муносибатҳо бо иттифоқчиён, дӯстон ва шарикон барои ҳифзи ваъдаи як зиндагии озод ва беҳтар, ҷалб мекунад. Аз соли 2003 инҷониб, созмони “Spirit of America” дар канори сарбозон ва дипломатҳои ИМА барои расонидани ҳусни нияти неки мардуми Амрико ва ҳалли эҳтиёҷоти маҳаллӣ дар беш аз 90 кишвари ҷаҳон кор кардааст.