Душанбе, Тоҷикистон, 23-уми ноябри соли 2016 – Имрӯз, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдои Амрико, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-умин Форуми солонаи соҳибкорзанон ва намоиши маҳсулоти соҳибкоронро ташкил намуданд. Форуми мазкур дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин форум ба силсила чорабинихо, ки ба фаъолияти соҳибкорон ва корхонаҳои навтаъсисёфта бахшида шудаанд ва тули як хафта дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардидаанд, хусни анчом бахшид.
Форум бо мақсади муккамал гардонидани Рӯзи фаъолияти соҳибкории занон, ки моҳи октябр тахти сарпарастии давлат баргузор гардида буд, гузаронида шуда, имкониятҳои занони сохибкорро дар Тоҷикистон ба таври равшан ифода намуд. Сармоягузорӣ ба занон- ин як роҳи калидии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ буда, ба сулҳу субот дар ҷомеа мусоидат менамояд. Тақрибан 100 соҳибкорзан аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва ҷомеаи байналмиллалӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар фаъолияти Форум иштирок намуданд.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анварӣ Нигина, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард бо суханони ифтитоҳи ба форум хусни оғоз бахшиданд. Сафир Миллард ҳангоми суханронии хеш аз ташаббуси Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва Сафир оид ба корҳои махсус-масоили умумиҷаҳонии занон дар Департаменти давлатии ИМА дар бораи Иттифоқи корхонаҳои ҳунармандон ёддоварӣ намуд. Мақсади ин иттифоқ дастгирӣ намудан ва ба ҳам овардани ҳунармандон (косибон), ки 90% онхоро занон ташкил медиҳанд, дар бозори маҳаллӣ ва байналмиллалӣ мебошад. Сафир Миллард афзуд, ки чорабинии мазкур танҳо як қадамест ба сӯи шинохти иқтидори занони ҳунарманди Тоҷикистон аз ҷониби- сармоягузорон ва ниҳодҳои давлатӣ, ва ба роҳ мондани муносибатҳои занони хунарманд бо созмонҳову бозорҳои Осиёи Марказӣ ҷихати муваффақ гардонидани онҳо.
Пас аз суханони ифтитоҳӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Идигул Қосимзода, бо гузориш дар бораи таъсири мусбати тавонмандсозии занон ба ҷомеа тавассути васеъ намудани имкониятхои иқтисодӣ баромад намуд. Пас аз ин гузориш ду гурӯҳи соҳибкорзанон: яке бо тақдими презентатсияҳо аз ҷониби шаш роҳбари пешсафи ассотсиатсияҳои соҳибкории занони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва дигар гуруҳ – ғолибони озмуни “Фарах” баромад намуданд. Намояндагони гурӯҳи якум – роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкории занон мушкилот ва имкониятҳоро барои ҳамгироии минтақавӣ таввасути васеъ намудани имкониятҳои иқтисодии занон мавриди баҳс қарор доданд. Гурӯҳи дуввуми соҳибкорзанон бошанд дар бораи корхонаи худ ва вазъи фаъолияти соҳибкории занон дар Тоҷикистон сӯҳбат намуданд.
Пас аз презентатсияҳо, соҳибкорзанон дар озмуни «Соҳибкории иҷтимоӣ», ки бо ташаббуси занон сурат гирифт, иштирок намуданд. Дар натиҷаи озмуни мазкур, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ) баргузор гардида буд, понздаҳ финалист аз ҷониби гурӯҳи коршиносон интихоб гардиданд. Интихоби финалистон тариқи раванди миллии ирояи аризаҳо сурат гирифт. Қобили зикр аст, ки раванди миллии ирояи аризаҳо як моҳ пеш аз баргузории форум ба анҷом расид. Дар рӯзи баргузории форум, понздаҳ финалисти мазкур аз идеяҳои лоиҳавии худ дифоъ намуданд ва панҷ ғолиби пешсаф барои ҷоизаи пулӣ интихоб гардиданд, то ки ин маблағро барои ривоҷ додани корхонаи худ равона кунанд. Дар ин чорабинӣ ҳамаи занон барои иштирок кардан бо ҷоиза мукофотонида шуданд.
Дар анчоми Форуми соҳибкорзанон намоиши маҳсулоти соҳибкорон ташкил гардид. Мақсад аз ин чорабинӣ мусоидат намудан ба маҳсулоти бофандагӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва технологӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзанон, асосан аз манотиқи деҳоти вилоятҳои Тоҷикистон истеҳсол карда шудаанд, иборат буд.
Форуми мазкур таҳти сарпарастии Ниҳоди занони СММ, Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), САҲА, Созмони «Наҷоти кӯдакон», Созмони Оксфам, Институти «Ҷамъияти кушода», Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, Ассотсиатсияи соҳибкории занони Осиёи Марказӣ «Кадбону», Ассотсиатсияи соҳибкории навовариҳо ва фановариҳои Тоҷикистон, ширкатҳои «Tcell», «Promotion», «Coca Cola», Бонки рушди Осиё, меҳмонхонаи «Шератон», Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «Имкон Консалтинг» баргузор гардид.