Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ва Маркази омӯзиши масоили амният ба номи Ҷорҷ Маршалл давраи омӯзиши солонаи сеюми “Рушди қувваҳои сулҳҷӯёнаи СММ”-ро аз 9 то 11 феврали соли ҷорӣ дар ш.Душанбе гузаронданд. Дар омӯзиши соли равон мутахассисони соҳаи амалиёти сулҳҷӯена аз ИМА, Олмон, Муғулистон ва Қазоқистон масъалаҳои стратегии сатҳи миллиро оиди рушд, омӯзиш ва ҷойгиршавии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳайати қувваҳои сулҳҷӯёнаи СММ матраҳ намуданд. Намояндагони Қазоқистон ва Муғулистон таҷрибаи худро дар такмили фаъолияти сулҳҷӯёна, ҷанбаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи иштироки амалӣ дар амалиётҳои сулҳҷӯёнаи СММ ва амалиётҳои коалитсионӣ ҷиҳати собитгардонӣ муҳокима карданд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи Ташаббуси умумиҷаҳонии амалиётҳои сулҳҷӯёна (GPOI) аз соли 2007 ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими иқтидори сулҳҷӯёна кӯмак мерасонад. Дар чорчӯбаи барномаи мазкур давлати Тоҷикистон соли 2010 баталиони сулҳҷӯёнаро таъсис додааст. Бо ёрии ИМА ҷузъҳои баталиони сулҳҷӯёна аз соли 2012 дар як қатор машқҳои омӯзишии сулҳҷӯёна дар Муғулистон, Непал, Қазоқистон, Олмон ва ИМА иштирок карданд. Шарокати пойдори ИМА ва Точикистон дар доираи GPOI ба 6,6 миллиони доллари ИМА баробар буда, ба гузарондани омӯзишу машқҳо, таъмини таҷҳизот, тармими истиқоматгоҳ ва такмили шароитҳои омӯзишу тайёрӣ равона шудааст.
Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти амнияти Тоҷикистон давраҳои омӯзишии мухталиф, таъмини таҷҳизот ва дигар фаъолияти шарикиро, аз ҷумла дар арсаи мубориза зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, амнияти сарҳад, фаъолияти сулҳҷӯёнаи СММ, кӯмаки башардӯстона, безарарсозии минаҳо ва ғайраҳо татбиқ мекунад. Шӯъбаи ҳамкории ҳарбӣ барномаи шарокати ҳарбии Фармондеҳии марказии ИМА-ро идора менамояд, ки омӯзиши мазкур аз он ҷумла мебошад, ва ҳар сол тахминан 80 чорабиниро дар Тоҷикистон ва ИМА мегузаронад. Аз соли 2003 Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорат кӯмаки низомиро ба маблағи тақрибан 200 миллион доллари ИМА дастрас намудааст.