Душанбе, Тоҷикистон, 30 ноябри соли 2018 – Рӯзи 30 ноябр Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ҳамроҳ бо фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар маросими кушодашавии посгоҳи марзии Уштурмулло дар ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон иштирок намуд.
Посгоҳи нав, ки аз ҷониби Бюрои байналмилалии мубориза бо маводи мухадир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатӣ ба маблағи 500000 доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст, иборат аст аз сарбозхонаҳо, идораи афсарон, ҳоҷатхона, ошхона, чоҳи об ва обанбор барои нигоҳдории об. Ин иншоот маскани се афсар ва 35 сарбози қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хоҳад буд. Посгоҳи Уштурмулло, ки дар асоси созишнома бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ сохта шудааст, барои истифода омода аст ва бо лавозимоти рӯзғор, катҳои хоб, асбобу ашёи ошхона ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт дар суханронии худ аҳамияти кори сарҳадбононро таъкид ва дастгирии ИМА-ро аз Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳимояи марзҳои худ тасдиқ намуд. Тоҷикистон шарики муҳимми Стратегияи Осиёи Ҷанубии ИМА мебошад, ки ҳадафи он беҳтар кардани амният, субот ва осоишӣ дар саросари минтақа аст. Ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон барои дастгирии амнияту суботи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ идома меёбад.