Дастгирии сафорати ИМА дар Душанбе барои гузарондани давраи омӯзиши минтақавӣ оид ба нобуд кардани маводи тарканда дар Тоҷикистон

graduation ceremonyСафорати ИМА дар ш. Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) давраи омӯзишӣ оид бар нобуд кардани моддаҳои таркандаро барои 32 мутахассисон аз минтақаи Осиёи Марказӣ оиди тоза кардан аз минаҳо, ки дар ш. Душанбе аз 26 октябр то 5 ноябр баргузор гардид, маблағгузорӣ карданд. Давраи омӯзишии мазкур, ки охирин дар силсилаи ҳафт чорабинии марҳилавӣ мебошад, ба мубориза бо дастгоҳи таркандаи дастисохт ва тайёр намудани иштирокчиён ба сифати мураббиёни дорои шаҳодатнома оиди маҳви маводи тарканда тамаркуз шудааст. Иштирокчиёни давраи омӯзишӣ аз қабили намояндагон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари Сафорати ИМА ҷаноби Майкл Мансини дар маросими хатми омӯзиш аз тарафи мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон, ки 5 ноябр сурат гирифт, иқтидори ҳамкории минтақавиро, ки дар мисоли давраи омӯзишии мазкур дида шуд, ситоиш кард. Ҳамчунин ӯ таъқид дошт, ки баланд бардоштани иқтидор ҷиҳати беҳавф тоза ва нобуд кардани минаҳо, бозмондаҳои таркандаи ҷанг ва моддаҳои таркандаи таҳлукаовар, барои амнияту суботи минтақавӣ судбахш хоҳад шуд. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе аз соли 2013 инҷониб дар раванди ин талошҳо бо САҲА ҳамкорӣ менамояд. man speaking at a podium

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тарафдори идомаи кӯмаку дастгирии худ ба мардуми Тоҷикистон аст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.