Душанбе, Тоҷикистон, 8 ноябри соли 2021 – Сафорати ИМА миёни навозандагони касбӣ ва ҳаваскор барои иҷро намудани таронаҳои амрикоӣ дар доираи лоиҳаи “Мусобиқаи байни гуруҳҳои мусиқӣ” (батл) озмун эълон мекунад. Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи (PAS) Сафорати ИМА аз ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии Тоҷикистон даъват менамояд, ки дархостҳро барои ин лоиҳа, ки аз моҳи декабри соли 2021 то апрели соли 2022 амалӣ мешавад, ирсол намоянд.
Шартҳои озмун барои амалӣ кардани лоиҳа:
- Ташкил кардани озмун дар байни навозандагон, то маҷмӯи 8-10 суруди амрикоиро аз як гурӯҳ ё ҳунарманди мусиқии амрикоӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида машҳур аст, аммо дар Тоҷикистон нисбатан номаълум аст. Матни суруд набояд суханони таҳқиромез дошта бошад ва паёми мусбӣ дошта бошад. Сафорат ва грантгиранда якҷо тасмим мегиранд, ки ҳунармандон ва сурудҳоеро, ки ба он дохил мешаванд, қабул кунанд.
- Маблағгузорӣ ва мусоидат ба сабти касбии таронаҳои ин гурӯҳ дар як студия дар Тоҷикистон баргузор бояд шавад.
- Маблағгузорӣ ва кумак барои сабти як клипи мусиқӣ барои ҳар як иштирокчӣ.
- Мусиқӣ ва видеоҳои ҳунармандони ширкаткунандаро онлайн ва тавассути радио пахш кунанд ва ба шунавандагон ва тамошобинон дар бораи ҳунармандони амрикоӣ ва чӣ гуна онҳо таърихи Иёлоти Муттаҳидаро дар давраи фаъол буданашон инъикос мекунанд.
- Таронаҳои сабтшударо бе маҳдудияти ҳуқуқи муаллиф ё ҳаққи иҷозат барои истифода ба таври ройгон ба омма дастрас кунанд.
- Ташкил кардани ҳадди аққал як консерти зинда барои ҳама ё баъзе аз иштирокчиён.
- Таронаҳо ва клипҳои сабтшударо онлайн ва тавассути шабакаҳои телевизион ва радио пахш кунанд.
- Ташкил кардани озмун барои мухлисон, то ба гурӯҳҳо ва сурудҳои дӯстдоштаи худ овоз диҳанд.
- Барои навозандагони ғолиб дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон як тур ё гастрол ташкил кунанд.
- Супоридани мукофот ба гуруҳи ғолиб дар шакли асбобхои нави мусиқӣ.
Ин лоиҳа ба иҷрои вазифаҳои зерин равона шудааст: 1. Баланд бардоштани маълумот дар бораи мусиқии амрикоӣ ва намоёнии навозандагони ширкаткунанда тавассути маърака, видео, намоиш ва сабтҳои онлайн тавассути расонаҳои анъанавӣ, аз қабили радио ва телевизион; 2. Зиёд намудани теъдоди намоишҳои мусиқии амрикоӣ дар Тоҷикистон тавассути ташкили як сафари хурд дар шаҳрҳои интихобшуда барои навозандагони ғолиб; ва 3. Ҷалби таваҷҷӯҳ ба мусиқӣ ва фарҳанги Амрико дар байни иштирокчиён ба тариқи онлайн ва иштироки шахси дар чорабиниҳо.
Дархости лоиҳа бояд то 16 декабри соли 2021 ба суроғаи электронии: GrantProposalsDushanbe@state.gov равон шавад ва на бештар аз 12 саҳифа бошад. Сафорат аз довталабони эҳтимолӣ даъват мекунад, ки Эълон дар бораи имконияти маблағгузорӣ (NOFO)–ро бодиққат хонанд.