Сафорати Амрико Барномаи паст намудани талабот ба маводи нашъаоварро барои солҳои 2021-2022 оғоз менамояд

Муҳлати охирин барои пешниҳоди дархост: 22-юми июни соли 2021.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе дархости нав барои пешниҳодҳои лоиҳавӣ дар доираи Барномаи паст намудани талабот ба маводи нашъаовар (DDRP) барои солҳои 2021-2022 эълон мекунад. Ҳадафи барнома ҷудо намудани грантҳои хурд барои лоиҳаҳои мушаххас, ки паёми зидди маводи мухаддирро ба ҷомеаҳо ва гурӯҳҳои демографие, ки махсусан ба нашъамандӣ осебпазир мебошанд, таблиғ мекунанд.

Мақсади асоси лоиҳа: 

  • Баланд бардоштани сатҳи огоҳии гурӯҳҳо дар бораи хатари нашъамандӣ;
  • Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва алтернативаҳои нашъамандӣ;
  • Таваҷҷуҳ ба минтақаи ҷуғрофӣ ё минтақае, ки мушкилоти истифодаи маводи мухаддир бештар ба назар мерасад;
  • Таблиғи паёми зидди маводи мухаддир ба ҷомеаҳо ва гуруҳҳои демографие, ки махсусан ба нашъамандӣ осебпазир мебошанд;
  • Тамаркуз на ба табобат, балки ба пешгирии нашъамандӣ; ва
  • Мусоидат ба таъсири мусбӣ ва устувор дар байни ҷомеаҳои ҷалбшуда.

Вобаста аз мавҷудияти маблағҳо Бюрои INL тасмим гирифтааст, ки ба маблағи на бештар аз 60 000 доллари ИМА се гранти алоҳида ҷудо кунад. Ҳар як пешниҳоди грантӣ набояд аз 20 000 доллари ИМА зиёд бошад ва якчанд грантҳо наметавонанд ба як ташкилот дода шаванд. INL ҳуқуқи маблағгузорӣ кардани ягон ё ҳеҷ яке аз дархостҳои пешниҳодшударо нигоҳ медорад ва сатҳи маблағгузории грантиро барои худи дархост муайян мекунад.

Ба ташкилотҳои мувофиқ, ки барои яке аз грантҳои хурд муроҷиат кардан мехоҳанд, тавсия дода мешавад, ки ин эълонро (Word 114 KB) бодиққат хонанд, то намуди лоиҳаи дархостшуда ва талаботҳои дархостро фаҳманд.

Пеш аз равон кардани лоиҳа, ҳамаи довталабон бояд пешниҳоди мукаммалро бо шаклҳои зерин илова кунанд:

    1. SF-424 (PDF 317 KB);
    2. SF-424A (PDF 1559 KB); ва
    3. SF-424B (PDF 155 KB).

Шаклҳо барои шахсони воқеӣ:

    1. SF-424 Individual (PDF 93 KB) ва
    2. SF-424B Individual (PDF 70 KB).

Ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ метавонанд қолибҳои зеринро истифода баранд:

Лутфан, бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро на дертар аз 22-юми июни соли 2021 соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ ба Акбар Бобокалонов ба суроғаи зерин фиристед: BobokalonovAA@state.gov