Мӯҳлати охирини қабули лоиҳаҳо: 1 сентябри соли 2016
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ш. Душанбе қабули аризаи лоиҳа дар доираи барномаи «Коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир»-ро барои солҳои 2016-2017 эълон менамояд. Мақсади барнома дастгирии лоиҳаҳои мушаххасе, ки ба паҳнкунии маълумот дар бораи хатари маводи мухаддир дар байни ҷомеа ва гурӯҳҳои аҳолие, ки махсус ба нашъамандӣ осебпазиранд, мусоидат мекунанд.
Мақсади лоиҳа:
- Бардоштани сатҳи огоҳии гурӯҳҳои осебпазир дар бораи хатари маводи мухаддир;
- Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фаъолияти алтернатив ба ивази нашъамандӣ;
- Таваҷҷӯҳ ба минтақаи ҷуғрофӣ ва ё минтақаҳое, ки дар он мушкилоти нашъамандӣ баландтар аст;
- Таваҷҷӯҳ ба пешгирии нашъамандӣ дар муқобил ба табобати нашъамандон;
- Мусоидат ба таъсири мусбати дарозмуддат дар байни гурӯҳҳои фарогирифташуда.
Грантҳо ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ (СҒҲ) дода мешавад. Маблағи грант на бояд зиёда аз 20 000 доллари ИМА бошад. Барои баррасӣ шудани лоиҳа он бояд ҳадафи коҳиши талабот ба маводи мухаддирро дошта бошад.
Дар ариза ҳадафу муайяну гурӯҳи мушаххас ва макони фаъолияти лоиҳа, инчунин тавоноии ташкилот барои татбиқи лоиҳа дарҷ гардад. Дар ариза бояд қисме дар бораи арзёбии натиҷаҳои лоиҳа бошад. Набудани маълумот дар бораи устувории лоиҳа онро аз баррасӣ маҳрум намекунад, вале афзалият ба лоиҳаҳои устувору дорои таъсири мусбати дарозмуддат дода мешавад. Ариза бояд ба забони англисӣ ва ё бо замимаи тарҷумаи англисӣ бошад. Аризаи лоиха бояд аз шарҳи он, тавсифи мухтасари лоиҳаҳои қаблии дахлдор ва буҷаи муфассал иборат бошад. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ метавонад бо забони тоҷикӣ ё русӣ бошад. Пеш аз пешниҳоди аризаҳо ҳамаи номзадҳо бояд:
- Саволномаи SF-424-ро (замима шудааст) пур кунанд;
- То мӯҳлати охирини қабул ариза (DOC 65 KB – PDF 192 KB – Get Adobe Reader) лоиҳаро бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод кунанд.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд ба суроғаи зерин пешниҳод шаванд:
Шӯъбаи мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА
хиёбони И.Сомонӣ 109 А
ш. Душанбе, Тоҷикистон
Факс: (992 37) 229 2050
Почтаи электронӣ: BergJE@state.gov ва YusufbekovaBS@state.gov ,
Тамос: Джеймс Берг ва Бунафша Юсуфбекова, тел.: (992 37)229 2113
Тамоси алтернатив: Нигора Сафарова NigoraS@state.gov, тел.: (992 37) 229 2916
Эзоҳ:
- Аризае, ки бо тарзи электронӣ ба забони англисӣ тарҷума шудааст (мисол, бо истифодаи тарҷумаи Google), қабул карда намешаванд;
- Илтимос, лоиҳа ва хуҷҷатҳоро дар формати Zip ва ё Rar нафиристед;
- Ҳаҷми ҳамаи ҳуҷҷатҳо набояд аз 1 МБ калонтар бошад;
- Агар пас аз равон кардани хуҷҷатҳо, тасдиқи қабули онро нагиред, бо мо ба воситаи телефон ё мактуби электронӣ дар тамос шавед.
Барномаи Грантии «Коҳиши талабот ба маводи мухаддир»-и Сафорати ИМА танҳо ба он созмонҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дастрас аст. Барномаи грантӣ лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё созмонҳое, ки фаъолияти носаҳеҳи сиёсӣ, фаъолияти хайрия ё ёрии башардӯстона мебаранд, ё барои ҷамъ овардани маблағ бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ равона шудаанд ё лоиҳаҳои мавҷударо такрор мекунанд, маблағгузорӣ намекунад.
Шакли аризаи лоиҳаро аз Сафорати ИМА, тавассути почтаи электронӣ ва ё аз сомонаи мо http://goo.gl/2syBei дастрас карда метавонед. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ё маслиҳат дар бораи лоиҳа, лутфан ба Шӯъбаи мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА таввасути телефон ё почтаи электронии дар боло зикршуда муроҷиат кунед. Агар ҷавоби саривақтро нагиред, ба рақами иловагӣ тамос гирифта метавонед.