Супоридани таҷҳизоти тактикӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз ҷониби сафорати ИМА

two men signing papers23 сентябри соли ҷорӣ Сафорати ИМА дар ш. Душанбе беш аз 60 намуди таҷҳизотӣ тактикӣ ба Дастаи таъиноти махсуси (ДТММ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши яккачини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, супурд. Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт баъд аз сухани роҳбари Раёсати таҳсил ва машқҳои Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Мэттсон таҷҳизоти тактикиро тақдим намуд.

Генерал-майор Мэттсон саҳмии барҷастаи ДТММ-ро дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зикр карда, барои идомаи ҳамкории мустаҳкам бо ҳамаи хадамоти амнияти Тоҷикистон изҳори умед намуд. Генерал-майор Мэттсон дар назар дорад, ки таҷҳизоти мазкур иқтидори амалиётии ДТММ-ро ҷиҳати давомнокӣ, мунтазамӣ ва бехатарӣ вусъат хоҳад дод. Амрико бар асари истифодаи ин таҷҳизоти пешқадам ба муваффақияти калон ноил шуд ва мақсад аз тақдими таҷҳизоти мазкур кӯмак ба ДТММ барои расидан ба дастовардҳои яксон мебошад.two women shaking hands

Таҷҳизоти тактикии мазкур, ки ба 260 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад, барои таҳкиму дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таъмини амнияти сарҳадӣ истифода хоҳад шуд. Таҷҳизоти мазкур кӯмаки амалии навбатии Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад. Давоми 10 соли охир дар доираи Барномаи мазкур ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки мустақим ба маблағи беш аз 130 миллион доллари ИМА расонида шудааст.