Сафорати ИМА васоити нақлиётро ба баталиони сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тақдим менамояд

vehiclesМаросими тақдими панҷ адад васоити нақлиёт аз ҷумлаи Ҷип J8 ба баталиони сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати ИМА дар Душанбе дар пойгоҳи «Шамсӣ» сурат гирифт. Васоити нақлиёт аз се адад мошин барои роҳпаймоҳҳои патрулӣ, яд адад барои ҳайати шахсӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ иборат аст. Кӯмаки мазкур ба маблағи 1.1 миллион доллари амрикоӣ барои беҳтар намудани омодагии баталиони сулҳҷӯёна дар гузаронидани амалиёти мансуб дар чорчӯбаи СММ равона шудааст. Он инчунин таъмини қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизот, омӯзиш ва васоити алоқаро дар бар мегирад. Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли М. Ҳейден ба Вазорати мудофиа барои ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори баталион ва кордонӣ арзи сипос намуда, изҳори итминон намуд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад қушӯнҳои сулҳҷӯёнаи баталиони мазкурро дар чорчӯбаи СММ ҷойгир кунад. signing ceremonyМаблағгузорӣ барои дастрас намудани васоити нақлиёти мазкур дар чорчӯбаи ташаббуси глобалии оид ба амалиёти сулҳҷӯёнаи Департаменти давлатии ИМА роҳандозӣ шуда, он аз соли 2009 зиёда аз 6,6 миллион доллари амрикоиро ба Тоҷикистон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз барномаҳои омӯзишӣ, дастраси таҷҳизот ва таъсиси Маркази омӯзишӣ оид ба амалиёти сулҳҷӯёна дар пойгоҳи «Шамсӣ» ҷудо намудааст.