9-уми феврали соли ҷорӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет И. Миллард ба Раёсати фаврӣ – ҷустуҷуйии Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои тозабунёдро бо қиммати зиёда аз 2 миллион доллари амрикоӣ тақдим намуд, ки он тавассути кӯмакҳои молии Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бунёд гардидааст.
Дафтари ҷадид имкониятҳои кормандони АНМН-ро ҷиҳати ошкор, мубориза ва решакан кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Душанбе ва шаҳру навоҳеи гирду атрофи он ба маротиб бештар мекунад. Ҳамчунин, бинои мазкур ба муқовимати АНМН барои интиқол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ва ҳамчунин дар ҳудуди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Бинои нави АНМН аз истиқоматгоҳи сарбозон (казарма), дафтари Агентии ИМА оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (DEA), ошхона, ошпазхонаи комилан муҷаҳҳаз, қаровулхона, идораҳои маъмурӣ, боздоштгоҳҳо, толори компютерии муҷаҳҳаз бо сервер, устохона инчунин дастгоҳу ҷиҳози дигар иборат аст.
Сафир Миллард зикр намуд, ки маблағгузории мазкур посухгуи манофеи ИМА дар самти ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон буда, барои аз байн бурдани тиҷорат ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа роҳандозӣ шудааст. Хонум Миллард аз АНМН барои омодагӣ ва ҳамкорӣ бо ИМА, ки ба манфиати ҳарду ҷониб аст, изҳори сипос намуд.
Бинои нави Агентии назорати маводи нашъаовар намунае аз тарҳҳои бешуморест, ки сафорати Амрико аз номи мардуми ин кишвар дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар (СЕНТКОМ) барои созмон додани як қувваи мустақил, мудовим ва муассир дар росттои мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷкистон мусоидат менамояд. Аввали моҳи июли соли гузашта Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) ба Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади назорати гардиши маводи мухаддир 87 васоити нақлиётро бо маблағи 5 миллион доллар тақдим намуд, ки қисме аз онҳо ба АМНМ дода шудааст. Моҳи август дар чорчӯбаи Барномаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар (DEA) дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷиргатол ду бинои АНМН бо маблағи 2 миллион доллар бунёд гардидааст.
Ба ҷуз аз бинои нав Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба АНМН 5 воситаи нақлиёти тамғаи Toyota Corolla, тоскулоҳи зиреҳдор, нимтанаҳои тактикии зиреҳдор, масофасанҷи лазерӣ ва асбобҳои диди шабонаи оптикӣ ба маблағи умумии 175 ҳазор доллари ИМА тақдим намуд. Таҷҳизоту воситаҳои нақлиёти мазкур иқтидори АНМН-ро ҷиҳати рафъи ҳар монеа ҳангоми мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз ҳам баланд хоҳад бардошт.
Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, мусоидат ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва бехатарии Тоҷикистон ҷудо намудааст. Сафорати ИМА густариши ҳамкориро миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор ҷонибдорӣ менамояд.