Конфронс оид ба ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ ва бехатарии гурезаҳо

Сафорати ИМА дар Душанбе конфронс дар мавзӯи ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ ва бехатарии гурезаҳо дар ш. Душанбе баргузор намуд. Коршиносони соҳавӣ, ки аз ҷониби Маркази аврупоии омӯзиши масоили амниятӣ ба номи Ҷорҷ Маршал воқеъ дар Олмон ҳамоҳанг мегарданд, ба гузаронидани чорабинии мазкур мусоидат намуданд. Дар ин конфронс, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин сохторҳои байнидавлативу созмонҳои ғайридавлатии дар Тоҷикистон амалкунанда иштирок намуданд. Чорабинии мазкур мутахассисон оид ба ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ, кӯмаки башардӯстона, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, тадорукоти низомӣ, сиёсати муҳоҷирӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ҷамъиятиро ба ҳам овард, то онҳо тавонанд таҷриба ва сиёсати ҷаҳонии вокуниш ба бӯҳрони гурезаҳоро таҳқиқ ва баррасӣ намоянд.

Дар ҷаласаҳои конфронс вазъи имрӯзаи гурезаҳо ва муҳоҷирон дар Тоҷикистон, ҳамчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳон барои таъмини амнияти миллӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои гурезагони дохилӣ баррасӣ гардид. Дар рафти конфронс коршиносони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (РКОСММГ), Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ), Созмони пулиси ҷиноии байналмилалӣ (Интерпол) ва дигар сохторҳои марбут баромад карданд. Ширкати чунин гурӯҳи мутахассисон аз соҳаҳои гуногун дар конфронс имкон фароҳам овард, то масоили матраҳшаванда аз нуқтаи назари ҳам сохторҳои амниятӣ, ҳам созмонҳои ба гурезагон ёрирасон ва ҳам гурезагони афғони муқими Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Конфронси мазкур ҷузъи нақшаи мулоқоти низомиён-бо-низомиёни ҳамасолаи Фармондеҳии марказии ИМА бо Тоҷикистон мебошад, ки мақсад аз он мусоидат ба баланд бардоштани зарфияти Тоҷикистон дар рафъи муносиби мушкилоти амниятии минтақа аст. Фармондеҳии марказии ИМА барои хадамоти амниятии Тоҷикистон мунтазам чунин тренингу семинарҳо ва табодули таҷриба мегузаронад. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар тасмими худ оиди дастгирӣ намудани амнияти сарҳади Тоҷикистон ва иқтидори он барои ҳалли мушкилиҳои эҳтимолии гуманитарӣ содиқ хоҳад монд.