Сафорат барои Қӯшунҳои сарҳадӣ давраи омӯзишӣ оид ба воситаҳои алоқа гузаронд

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе давраи омӯзишии дуҳафтаина оиди сохтани шабакаи мухобиравӣ барои афсарони алоқаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маблағгузорӣ шудааст, ба анҷом расонд. Маросими хотимавии давраи омӯзишӣ тахти раёсати директори Барномаи СЕНТКОМ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷаноби Рэнди Окман гузашт ва ба сездаҳ хатмкунандаи давраи омӯзишӣ шаҳодатнома тақдим шуд.

Дар поёни курси омӯзишӣ афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ донишу малакаи амиқро оид ба амалиётҳои мухталифи сохтани шабака ва истифодаи дастгоҳи мухобиравӣ аз худ карданд. Давраи омӯзишии мазкур қобилияти онҳоро ҷиҳати қабулу фиристодани ахборот тавассути дастгоҳи мухобиравие, ки аз ҷониби Барномаи СЕНТКОМ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба наздикӣ тақдим шудааст, сифатан баланд бардошт. Инчунин иштирокчиён тарзи дурусти истифодаи сохти гуногуни антеннаро ҷиҳати таъмини қабули мукаммали ахборот омӯхтанд.

Ин аввалин давраи омӯзишӣ аз силсилаи барномаҳои омӯзишии марбут барои мақомоти гуногуни амнияти Тоҷикистон, ки истифода аз дастгоҳи мухобиравии тақдимшуда иқтидори онҳоро ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳои баёниидоравӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳадҳои Тоҷикистон афзоиш хоҳад кард. Омӯзиши мазкур ба мавзӯъҳо оид ба доираи радио басомад, гузаштани мавҷи радио ва банақшагирифтани алоқаю фиристодани гузориш тамаркуз шудааст. Бар замми он ҳангоми машғулиятҳои амалӣ иштирокчиён вазифаи сохтани антеннаро, ки дар муҳиту баландии гуногун кор хоҳад кард, иҷро карданд.

Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, мусоидат ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва бехатарии Тоҷикистон ҷудо намудааст. Сафорати ИМА густариши ҳамкориро миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор барои ноил шудан ба ҳадафҳои амниятии муштарак ҷонибдорӣ менамояд.