Душанбе, Тоҷикистон, 16-уми декабри соли 2016 – Сафорати ИМА дар ш. Душанбе машварати солонаи гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд. Дар машварати мазкур 30 намояндаи Фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА ва ҷузъу томҳои он ва инчунин 12 афсари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ин чорабинӣ барои ҳамкории ҳарбӣ байни ИМА ва Тоҷикистон барои соли ояндаи молиявӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар рафти машварат иштирокчиён масъалаҳои марбут ба гузаронидани барномаҳои мубодила, симпозиумҳо, машқҳои ҳарбӣ ва курсҳои омӯзишӣ, ки барои солҳои 2018-2019 ба нақша гирифта шудаанд, ба таври муфассал муҳокима намуданд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ афзалиятҳои нисбат ба истифода аз барномаи кӯмаки молиявии бебозгашт ба Тоҷикистон дар доираи маблағгузории ҳарбии хориҷиро низ мувофиқа намуданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ИМА ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тақрибан 60 чорабинии баргузоршударо дарбар мегирад. Чорабиниҳои мазкур ба ҳамкориҳои байни мақомоти низомии ду ҷониб таҳким бахшида, масоили манфиатҳои мутақобилро ба хусус мубориза алайҳи терроризм, ҳифзи сарҳад, амалиётҳои сулҳҷӯёна ва муколамаи бисёрмиллӣ фаро мегиранд. Дар рафти сухани ифтитоҳии худ дар машварати гурӯҳи корӣ Сафири ИМА хонум Миллард қайд намуд, ки чунин ҳамкорӣ барои мусоидат ба таҳкими амният ва суботи минтақавӣ нақши муҳим мебозад.