Гузаронидани курси омӯзишӣ оиди банақшагирии пешакии ҷараёни офатҳои табиӣ

Душанбе, Тоҷикистон, 3-юми марти соли 2017 – аз санаи 27 феврал то 3 марти соли 2017 Сафорати ИМА дар Душанбе курси омӯзишии “Банақшагирии пешакии ҷараёни офатҳои табиӣ”-ро барои бист нафар кормандони Горди миллии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ пешкаш намуд.  Дар давоми курси омӯзишӣ, гурӯҳе иборат аз се мураббӣ аз Институти мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба амалиётҳои тиббӣ муҳокимаҳоро доир ба як қатор мавзӯъҳои марбут ба банақшагирии байниидоравӣ, таҳияи чорчӯбаи идоракунии офатҳои табиӣ ва таҷрибаи беҳтарин барои амалӣ намудани фаъолияти вокуниш ба офатҳои табиӣ, самаранок гузарониданд.  Илова бар ин, мураббиён як қатор машқҳои амалиро дар асоси сенарияҳои хаёлӣ, ки аз иштирокчиён банақшагирӣ ва огоҳсозии мухтасар аз офатҳои табииро талаб менамуд, гузарониданд.  Сенарияҳо дар асоси воқеияти Тоҷикистон омода шуда, ба бориши шадиди барф, ки вақтҳои охир дар кишвар рух дод, тааллуқ доштанд.  Ҳангоми аз курсҳои омузишӣ дидан намудан, сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард қайд намуд:  “Иёлоти Муттаҳида таҳдиди офатҳои табиӣ, ки Тоҷикистон ба он ҳамасола рӯ ба рӯ мегардад, эътироф мекунад” ва тавассути ҳамкориҳои дарозмуддат, мо кӯшиш менамоем, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омузишӣ ва пурзур намудани иқтидори институтсионалиро барои ҳалли самараноки ин мушкилот пешниҳод намоем”.

Курси омузишӣ оиди “Банақшагирии пешакии ҷараёни офатҳои табиӣ” аз тарафи Шӯъбаи ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА ташкил ва руҳандозӣ карда шуда, аз ҳисоби маблағе, ки барои баланд бардоштани Таҳсилот ва омӯзиши ҳарбии байналмилалии солонаи Тоҷикистон ҷудо мегардад, маблағгузорӣ карда шудааст.  Ҳукумати ИМА ба маблағи 525,000 доллари ИМА барои соли 2017 бо мақсади хадамоти амнияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо имкониятҳои омодасозӣ ва такмили ихтисос, ҳамчун воситаи тавсеаи сатҳи ҳамкорӣ, баланд бардоштани тавонмандиҳои мутақобила ва мусоидат ба суботи минтақавии дарозмуддат, харҷ мекунад.

Моҳи феврал Тоҷикистон ва Амрико 25-умин солгарди бақароркунии муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд.  Иёлоти Муттаҳида Тоҷикистонро ҳамчун шарики муҳим эътироф намуда, бо ҳамин мақсад ба Тоҷикистон дар давоми 25 соли охир зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА-ро ҳамчун кӯмак ҷудо намудааст.  Чӣ тавре ки Президент Трамп қайд намуд:  “Ман умедворам, ки эҳтироми мутақобила ва садоқат ба пешбурди ҳадафҳои муштарак баҳри таъминоти амният ва субот дар минтақа, идома хоҳад ёфт”.