Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад чор мошини роҳпаймо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Мошинҳои мазкур барои вокуниш ба ҳодисаҳои қочоқи маводи ядроӣ истифода хоҳанд шуд. Ду мошин ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва дутои дигараш ба Хадамоти гумрук таъин шудааст. Мошинҳои мазкур имконияти вокуниши зудамалро дар ҳолати бонги хатари ядроӣ дар ҳар гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон фароҳам овардааст.
Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад барои баланд бардоштани иқтидори кишварҳои шарик ҷиҳати ошкору ҷилавгирӣ кардан ва тафтишу таъқиб намудани интиқоли ғайрқонунии силоҳи қатли ом, мавод барои истеҳсоли он ва яроқи муқаррарӣ кӯмак мерасонад.
Сафорати ИМА дастгириро ба Ҳукумати Тоҷикистон тавассути шарикӣ бо агентиҳои ИМА ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, давраҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохтор идома хоҳад дод. Васоити нақлиёте, ки имрӯз аз ҷониби Сафорати ИМА тақдим шуданд, иқтидори Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри таъмини амнияти сарҳадӣ хеле баланд хоҳад бардошт.
Мошинҳои мазкур яке яз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошанд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико татбиқ мекунад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон чудо намудааст.