Сафорати ИМА Маркази таълимии минтақавиро барои Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дастрас намуд

Шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-уми марти соли 2018 – Барномаи «Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо»-и (EXBS) Сафорати ИМА дар Душанбе, маркази таълимии минтақавӣ оиди афзоиши ғайриқонунии силоҳи қатли ом ва назорати содирот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки бебозгашт тақдим намуд. Ин иншоот бо арзиши 370 ҳазор доллари амрикоӣ аз чор майдони таълимии берунӣ, гузаргоҳи бо нуктаи санҷишӣ таҷҳизонидашуда, дарвозаҳо барои гузариши нақлиёт ва пиёдагардон пешбинишуда, инчунин, як толори конфронсӣ иборат мебошад. Маркази минтақавии мазкур ба кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ баҳри такмили сатҳи касбии ҳайати шахсӣ дар истифодаи шаклу усулҳои пешгирӣ ва зуд ошкор намудани силоҳи қатли ом, инчунин силоҳи маъмулӣ кӯмаки назаррас хоҳад расонд.  Инчунин, маркази мазкур барои бартараф намудани маводҳои ғайриқонунӣ ва шаклҳои дигари қочоқ, ки марзҳои Тоҷикистонро убур карда метавонанд, мусоидат карда метавонад.

Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт, Президенти Академияи илмҳо, Фарход Рахимӣ ва директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Илҳом Мирсаидов  дар маросими расмии кушодашавии маркази минтақавӣ дар шаҳри Душанбе, ширкат варзиданд.  Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт дар маросими кушодашавии марказ қайд намуд, ки «Ҳадафи Ҳукумати  ИМА ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдиди силоҳи қатли ом ва маводҳои марбута ба он ва таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон як аст. Сафорати ИМА аз он хушҳол ҳаст, ки тавассути барномаи «Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо» метавонад дастгирии хешро ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии дар баланд бардоштани иқтидори таълимии он бирасонад.  Ин дар навбати худ ба ААЯР имконият медиҳад, то муборизаро бар зидди таҳдиди қочоқчигӣ, аз ҷумла бар зидди таҳдиди воқеии силоҳи қатли ом, пурзуртар гардонад».

Сафорати ИМА тасмим гирифтааст, минбаъд ҳам Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсиониро, бо мақсади таъмин намудани он бо таҷҳизоти замонавӣ, дарсҳои омўзишӣ ва беҳсозии инфрасохтор, дастгирӣ намояд.  Маркази таълимии мазкур на танҳо ҳамчун маркази таълимӣ барои Тоҷикистон ва Осиёи марказӣ, он инчунин барои баргузор намудани чорабиниҳои таълимии байналмилӣ истифода бурда хоҳад шуд.

Иншооти мазкур як қисми лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон, ки аз тарафи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико амалӣ шудаанд, ба ҳисоб меравад.  Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барои дастгирӣ намудани рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва таъмини амнияти Тоҷикистон маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.