Сафорати Амрико 87 адад васоити нақлиётро ба Оҷонсиҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир тақдим менамояд

two men shaking handsРӯзи 8-уми июл Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан М. Эллиотт дар маросими тақдим намудани 87 адад васоити наклиёт ба Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ), Сараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ бо маблағи умумии беш аз 5.7 миллион доллари амрико, ки аз ҷониби барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (CENTCOM) маблағгузорӣ гардидаанд, ширкат варзид.

Тақдими ин адад васоити нақлиёт аз ӯҳдадориҳои мунтазами ИМА дар мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (CENTCOM) васоити нақлиёти душворгузарро аз қабили Toyota Hilux, мошинҳои боркаши Toyota HIACE, автобусҳои мусофиркаш ва мошинҳои намуди Toyota Prado тақдим намуд. Васоити нақлиёти мазкур ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори оҷонсиҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир дар муайян намудан, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани қочоқи маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Пешниҳоди омӯзишҳои бардавом ва муҷҷаҳазгардонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қадами назаррасест ба сӯи хотима бахшидан ба ҳаводиси марбут ба маводи мухаддир.

Сафир Эллиотт қайд намуд, ки тақдими васоити нақлиёт аз манфиати ИМА дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳодат медиҳад. Хонум сафир оҷонсиҳои Тоҷикистонро барои кӯшишу талошҳои мунтазам дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва барои изҳори омодагӣ дар ҳамкорӣ бо ИМА бо мақсади баланд бардоштани иқтидори онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон дар густариш додан ва омода намудани як нерӯи мустақил ва босалоҳият дар чаҳорчуби ташкилотҳои мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Аз соли 2007 то инҷониб барномаи мазкур тақрибан 130 миллион доллари амрикоиро ҳамчун кӯмак дастрас намудааст.