Душанбе, Тоҷикистон, 10 январи соли 2020 – Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Маҳмадзода Суҳроб Талбак, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар маросими супоридани мошинҳои сабукрав ширкат варзиданд. Воситаҳои нақлиётӣ ба қушунҳои мобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнин релефи маҳалҳо амалиёт гузаронанд. Воситаҳои нақлиётӣ аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи маблағгузории низомиёни хориҷӣ бо арзиши 575,000 доллари ИМА пешниҳод гардиданд.
Иёлоти Муттаҳида омода аст дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии истиқлолият, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ саҳм гузорад. Ин кӯшишҳо нақши асосиро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, мусоидат мекунанд.
Иёлоти Муттаҳида тули 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва тавассути барномаҳои дастгирӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният беш аз 1,9 миллиард доллари ИМА кӯмак расонидааст.