Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ва Вазорати корҳои дохилӣ машқҳо оиди таъмини тадбирҳои амниятиро дар Сафорат гузаронд. Машқҳои мазкур авҷи давраи омӯзишие шуданд, ки аз ҷониби Идораи амнияти минтақавии Сафорати ИМА барои баланд бардоштани иқтидору омодагии қувваҳои таъиноти махсуси Вазорат ба ҳолатҳои фавқулода маблағгузорӣ шуд. Давраи омӯзишии мазкур аз мавзӯъҳои истифодаи асосноки қувва, усулҳои дастгир кардан, ҳаракатҳои тактикӣ, таъмини алоқа ва расондани ёрии аввалии тиббии таъҷилӣ иборат буд. Сафорати ИМА дар соли 2016 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати гузарондани якчанд давраҳои омӯзишӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.