Сафорати ИМА дар ш. Душанбе гузаронидани семинари омӯзишӣ оид ба роҳҳои мубориза бо ифротгароии хушунатомезро барои 22 иштирокчӣ аз Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузорӣ намуд. Семинар дар доираи нақшаи солонаи чорабиниҳои Фармондеҳии марказии ИМА оид ба ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Чорабинии мазкур, ки ба дарки решаҳои ифротгароии динӣ тамаркуз шуда буд, аз ҷониби гурӯҳи Маркази муносибатҳои ҳарбӣ-шаҳрвандии Мактаби олии Қувваҳои баҳрии ИМА гузаронида шуд. Иштирокчиёни семинар ҳамчунин қазияҳои муайянро таҳлил ва андешаҳо оиди тарҳрезии стратегияҳои ниҳодӣ оид ба мубориза бо таъсири равиши ифротгароӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро баррасӣ намуданд. Ҳадаф аз чунин вохуриҳо баланд бардоштани сатҳи тавоноии Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиш додани хатари ифротгароии хушунатомез ва беҳтар намудани шарикию ҳамгироии ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон мебошад.