Дастгирии Сафорати ИМА дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои мактаби №31 шаҳри Исфара ва дармонгоҳи нав дар деҳаи Корез

Душанбе, Тоҷикистон, 4-уми октябри соли 2018 – Ба хотири идома бахшидан ба анъанаи шарикӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 25 сол давом дорад, бо дастгирии Сафорати ИМА синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби амалкунанда ва дармонгоҳи нав сохта шуданд. Ин лоиҳаҳо бо мақсади расонидани кумаки самаранок ба ҷамоатҳои маҳаллӣ амалӣ гардидаанд. Аз номи Сафорати ИМА, шахсони расмии ҳукумати ноҳияи Исфара мактаби рақами 31-ро дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва шахсони расмии ҳукумати Шаҳритус дармонгоҳи навро дар деҳаи Корези вилояти Хатлон ба истифода доданд.

Лоиҳа оид ба сохтмони ҳашт синфхонаи иловагӣ дар мактаби №31-и шаҳри Исфара, ки моҳи январи соли 2018 шурўъ шуд, бо мақсади мусоидат намудан ба таълиму тарбияи 240 хонанда амалӣ гардид. Дар мактаби №31шумораи хонандагон аз ҳадди имкон гузашта буд. Дар ин мактаб беш аз 1500 хонанда (аз синфи 1 то синфи 11) таҳсил мекарданд. Мактаби мазкур ҳанўз дар соли 1965 сохта шуда буд. Ду бинои иловагии мактаб баъд аз зилзилаи соли 1977 сохта шуданд. То сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, мактаббачагон маҷбур буданд, ки дар се басти алоҳида дарс хонанд, ё ин ки ба мактабҳои дигар барои дарсомузӣ раванд.

Бо мақсади муайян намудани ниёзу дархостҳои мардуми маҳаллӣ, кормандони Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ноҳияҳо назарсанҷиҳо ва вохўриҳоро ташкил намуданд. Роҳбарони ноҳияҳо аз дастгирии ИМА дар сохтмони мактаби №67 соли 2016 хеле қаноатманд буданд ва соли ҷорӣ онҳо ҳамроҳи кормандони Сафорат аз як қатор иншооти лоиҳавӣ дидан намуданд ва мактаби №31 шаҳри Исфара аз қабили онҳост. Бояд қайд намуд, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби мазкур яке аз вазифаҳои афзалиятноки ноҳия ба ҳисоб мерафт.

Дармонгоҳи деҳаи Корез ягона дармонгоҳест, ки дар ин деҳа амал мекунад ва он боз як лоиҳаи рушд мебошад, ки аз ҷониби Сафорати ИМА амалӣ гардид. Ин лоиҳа соли 2017 оғоз гардид ва ҳадаф аз он дастгирӣ барои хизматрасониҳои тиббӣ ба 1600 сокини деҳа ва сарҳадбонон мебошад. То сохтмони дармонгоҳи мазкур, сокинон маҷбур буданд, ки дар давоми ним соат ба маркази тиббии Шаҳритус барои табобат раванд ва бисёре аз онҳо дар фасли зимистон ба хизматрасониҳои тиббӣ дастрасӣ надоштанд.

Сохтмони дармонгоҳи нав дар деҳаи Корез ва синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби №31-и шаҳри Исфара – намунаи равшани яке аз самтҳои сершумори ҳамкориҳо байни Сафорати ИМА ва ҳукуматҳои маҳаллӣ мебошад, ки баҳри беҳтаргардонии сифати ҳаёт ва таҳсилот дар вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ мегарданд.