Душанбе, Тоҷикистон, 23 феврали соли 2022 – Ба ифтихори 30-юмин солгарди равобити ИМА ва Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии “Аша”, озмуни мусиқиро таҳти унвони “Battle of Music Bands” барои ҳунармандон ва ҳаваскорон дар Тоҷикистон эълон мекунад.
Дархостҳо аз 16 феврал то 16 марти соли ҷорӣ қабул карда мешаванд. Барои иштирок, ҳар нафари аз 15-сола боло бояд наворе сабт кунад, ки дар он якка, дар ҳайати гурӯҳ, бо мусиқӣ ё бидуни мусиқии зинда, ягон таронаи амрикоиро иҷро кунад.
Дархостҳои худро ба суроғаи электронии зерин фиристед: BattleBandsTj@gmail.com. Ҳайати доварон қобилияти иҷроиши иштирокчиён, донистани забони англисӣ ва маҳорати ҳунармандиро (харизма) арзёбӣ мекунанд. Барои муборизаи ниҳоии мусиқӣ 10 номзад интихоб карда мешаванд. Баромади ҳунармандони яккасароро навозандагони гурӯҳи «Авесто» ҳамроҳӣ мекунанд.
Се нафар ғолиби озмун соҳиби ҷоизаҳо мегарданд ва дар сафари ҳунарӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Мукофотҳо барои ғолибони озмун:
Ҷойи 1-ум – студияи хурди сабт (ноутбук, мониторҳо, микрофони студиявӣ ва корти сабтӣ)
Ҷойи 2-юм – микрофон барои консертҳои зинда, ноутбук ва корти сабтӣ
Ҷойи 3-юм – микрофони консертӣ ва гитара.
Хабарҳоро оид ба озмуни мазкур метавонед дар саҳифаҳои расмии лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои Сафорати ИМА дар Душанбе пайгирӣ кунед:
www.instagram.com/battleofthebands.tj/
https://www.facebook.com/battleofthebands.tj
https://www.instagram.com/usembassydushanbe/