Сафорати ИМА озмуни аксҳоро тавассути Марказҳои амрикоӣ барои соли 2021 эълон мекунад

Душанбе, Тоҷикистон, 31 декабри соли 2020 – Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо ҳашт Марказҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон озмуни яксолаи аксҳоро барои соли 2021 эълон менамояд. Аксбардорони ҳаводор ба маҳфилҳои маҷозии аксбардории Марказҳои амрикоӣ даъват карда мешаванд. Марказҳои амрикоӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Исфара, Панҷакент ва Ғарм ҷойгиранд.

Аъзоёни маҳфили аксбардорӣ аксҳои худро то таърихи 20-уми ҳар моҳ бояд ирсол намоянд. Аъзоёни ҳакамон/ муттахассисон барои интихоби се акси “беҳтарин”-и ҳафта бо назардошти омилҳои зерин овоз медиҳанд:

  1. То чӣ андоза дар акс унсурҳои асосӣ инъикос шудаанд, яъне: возеҳ, рангубори хуб, композитсияи хуб, ва мувозинати нур;
  2. То чӣ андоза акс унсурҳои композитсияро дарбар мегирад: қоидаи сеякҳо, хатҳои пешсаф, диагоналҳо, чорчӯбабандӣ, тазод, ҳувайдоӣ (наздикии ашё), тарҳ, мутаносибӣ;
  3. Агар дар акс одамон бошанд, пас то чӣ андоза дар ин акс ҷанбаҳои зерин инъикос шудаанд: эҳсосот, амал ва ҷалбкунии бинанда.
  4. Агар акс манзарраро инъикос кунад, то кадом дараҷа зебогии Тоҷикистонро нишон медиҳад. 

Сипас, пайравони Маркази амрикоӣ се акси беҳтаринро, ки дар саҳифаи Инстаграми Маркази амрикоӣ нашр мегарданд, тавассути овоздиҳи интихоб мекунанд. Аксҳое, ки овози зиёдтар мегиранд, дар саҳифаи Инстаграми Сафорати Амрико барои интихоби акси беҳтарини моҳ ба овоздиҳи гузошта мешаванд. 

Аксбардоре, ки акси беҳтарини моҳро пешниҳод мекунад, бо камераи рақамӣ мукофотонида мешавад. Дар охири дувоздаҳ моҳ, ғолиби умумии озмун соҳиби камераи касбии DSLR мегардад. Ҳар шаш ва дувоздаҳ моҳ Маркази амрикоӣ беҳтарин аксҳоро чоп намуда, онҳоро дар Марказ намоиш медиҳад. Пас аз дувоздаҳ моҳ, дувоздаҳ аксбардори ғолиб ба Душанбе даъват карда мешаванд, то аксҳои худро дар як намоишгоҳе, ки дар Маркази амрикоӣ дар Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ намоянд.

Марказҳои амрикоӣ хароҷоти вобаста ба чоп намудан ва чорчӯбабандии шумораи муайяни аксҳои ғолибро ба зиммаи худ мегирад. Инчунин, хароҷоти ҳамлу нақл ва будубоши ғолибонро дар Душанбе ба дӯши худ мегирад.

Дар озмун танҳо аксбардорони ҳаваскор аз синну соли 13 метавонанд иштирок намоянд.  Аксбардорон бояд кори эҷодии хешро пешниҳод намоянд (ба истифода бурдани маводи дигарон иҷозат дода намешавад). Аксҳои пешниҳодшударо ба таври назаррас ретуш кардан мумкин нест: ҳеҷ кадом қисми акс (одамон, ҳайвонот, манзараҳо, ашёҳо ва ғ.) набояд тағйир дода шавад, нест карда шавад ё ҷо ба ҷо гузошта шавад. Ба бурида рост кардани канораҳои акс ва инчунин ба ториккунӣ, равшанкунӣ ва ё тағйир додани рангҳои тасвир иҷозат дода мешавад.

Танҳо он аксҳое ба озмун қабул карда мешаванд, ки ба мавзӯи қаблан (дар аввали моҳ) эълон гардид мувофиқат кунанд. Андозаи расмҳо бояд 1080 х1080 пиксл бошад. Аксҳое ки сифати паст доранд, ба озмун роҳ дода намешаванд.