Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, ташкилоти ҷамъиятии “ГУРДОФАРИД” дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии Маркази таълимӣ-омӯзишии “ҶАҲОНИ МО” дар шаҳри Бохтар рӯзноманигорон ва котибони матбуотии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ даъват менамояд. Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ташкил шуда, он дар давоми соли таҳсили 2018-2019 амалӣ мегардад.
Донишҷуёне, ки дар риштаи рузноманигорӣ таҳсил доранд, инчунин ҳуқуқи иштирок дар барномаро доранд.
Дар Душанбе ва Хуҷанд, довталабон пас аз сабти ном кардан аз санҷиши муайян намудани сатҳи дониши забони англисӣ мегузаранд. Гурӯҳҳо вобаста ба сатҳи дониши забони англисии шунвандагон ташкил мегарданд.
Дар Бохтар, гурӯҳ новобаста аз сатҳи дониши забони англисии шунавандагон аз сифр оғоз карда мешавад.
Мӯҳлати ниҳоӣ барои номнавис шудан 20-уми октябри соли 2018.
Барои иштирок кардан ва дастрас кардани варақаи номзад дар Душанбе ба laylo.mamadvafoeva@ucentralasia.org нома ирсол намоед. Телефон барои тамос: 2245823, 2212687.
Барои иштирок кардан ва дастрас кардани варақаи номзад дар шаҳри Хуҷанд ба ngo.gurdofarid@mail.ru нома ирсол намоед. Телефон барои тамос: (92) 830-99-98, (92) 872 01 71.
Барои иштирок дар барнома дар шаҳри Бохтар ба jahonimoedcenter@gmail.com нома ирсол намоед ва ё ба суроғаи к.Дӯстии халқҳо, шаҳри Бохтар ба Маркази мо ташриф оварда, номнавис шавед. Телефонҳо барои тамос: 2-95-28, 987600226.
Машғулиятҳо аз 1-уми ноябр оғоз мегарданд.