Сафорати ИМА Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигоронро эълон мекунад

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ рӯзноманигорон ва котибони матбуотии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар даъват менамояд. Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.  Рӯзноманигорони васоити ахбори умум ва котибони матбуотии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, метавонанд дар барнома иштирок намоянд ва савияи дониши забони англисии хешро боло бардоранд.

Довталабон пас аз сабти ном кардан аз санҷиши муайян намудани сатҳи дониши забони англисӣ мегузаранд. Гурӯҳҳо вобаста ба сатҳи дониши забони англисии шунавандагон ташкил мегарданд.

Мӯҳлати ниҳоӣ барои номнавис шудан 20-уми октябри соли 2019.

Барои иштирок ва дастрас кардани варақаи номзад ба nilufar.ashurmamadova@ucentralasia.org  дар ш. Душанбе ва tolibdzhon.mirzoev@ucentralasia.org дар ш. Бохтар нома ирсол намоед. Телефонҳо барои тамос: 2245823, 935707026 дар ш. Душанбе ва 93 111 0016 дар ш. Бохтар