Курсҳои омӯзиши забони англисӣ барои хабарнигорон

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе рӯзноманигорон ва котибони матбуотии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ даъват менамояд. Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ташкил шуда, он дар давоми соли таҳсили 2017-2018 амалӣ мегардад.  Рӯзноманигорони васоити ахбори умум ва котибони матбуотии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, метавонанд дар барнома иштирок намоянд ва савияи дониши забони англисии хешро боло бардоранд.

Донишҷуёне, ки дар риштаи рузноманигорӣ таҳсил доранд, инчунин ҳуқуқи иштирок дар барномаро доранд.

Довталабон пас аз сабти ном кардан аз санҷиши муайян намудани сатҳи дониши забони англисӣ мегузаранд. Гурӯҳҳо вобаста ба сатҳи дониши забони англисии шунвандагон ташкил мегарданд.

Мӯҳлати ниҳоӣ барои номнавис шудан 14-уми октябри соли 2017.

Барои иштирок кардан ва дастрас кардани варақаи номзад ба   laylo.mamadvafoeva@ucentralasia.org  нома ирсол намоед.
тел: 2245823, 2212687

Машғулиятҳо аз 23 октябр оғоз мегарданд.