Душанбе, Тоҷикистон, 5-уми феврали соли 2018 – Муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Ҳенри С. Эншер санаҳои 3 ва 4 феврали соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар доираи сафари мазкур ӯ бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, бархе аз масоили дуҷониба ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дод ва ҳамчунин бо намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ гузаронд. Ҷаноби Эншер тарафдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ҷиҳати амният ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда, имкониятҳои вусъатдиҳии ҳамкории дуҷонибаро муҳокима кард. Рӯзи 3-юми феврал муовини ёвари Котиби давлатӣ Эншер бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири мудофеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мулоқот намуд.
Ҳенри С. Эншер муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Департаменти давлатӣ мебошад. Ҳенри С. Эншер дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошад.
Ба туфайли қариб 26 соли амалҳои мутақобилаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон, ҳамкории ин ду кишвар ба таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз соли 1992 то ин ҷониб Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1.8 миллиард доллари ИМА-ро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф ва ниҳодҳои демократӣ равона карда шудаанд, ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.