Душанбе, Тоҷикистон – Муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум рӯзҳои 30 апрел то 3 май ба Душанбе ташриф овард. Дар доираи сафари мазкур бархе аз масоили дуҷониба ва байналмиллалӣ бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намуд. Ҳамчунин, вохӯрии ӯ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Инчунин, муовини ёвари Котиби давлатӣ Розенблум ба Ғарм сафар намуд Дар он ҷо ӯ аз лоиҳаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ИМА дастгирӣ шудааанд, дидан намуд ва бо роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ барои баррасии масоили иқтисодӣ ва шароити иҷтимоии минтақа вохӯрд. Рӯзи 3-ми май муовини ёвари Котиби давлатӣ Розенблум бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, мулоқот намуд.
Даниэл Розенблум муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Даниэл Розенблум дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, масъули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошад.
Дар тули беш аз 25 соли ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон, ИМА фаъолиятро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ идома медиҳад, ҳамзамон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз соли 1992 то ин ҷониб Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1.8 миллиард доллари ИМА тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф ва ниҳодҳои демократӣ равона карда шудаанд, ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.