Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико генерал Ҷозеф Вотел бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони баландмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати ИМА дар ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собирзода , ноиби раиси Кумитаи давлатии амнити миллии Тоҷикистон, генерал-майор Мансурҷон Умаров ва муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ як қатор масъалаҳои муштарак роҷеъ ба амният мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкории мунтазами ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ аз ҷониби генерал баланд арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯриҳои сатҳи баланд генерал Вотел моҳияти ҳамкории зеринро, ки баҳри таъмини субот ва ободию шукуфоии Тоҷикистон равона шудааст, таъкид намуд. Дар тӯли 25 соли ҳамкориҳои муштарак ИМА ва Тоҷикистон ба давраи пешрафт, ки он ба раванди табаддул дар Тоҷикистон ва баъдан ба суботу ободӣ ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ саҳм ва мусоидат намудаст, метавонанд назар кунанд. Кӯшишу талоши муштараки ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ асосан ба масоили амнияти марзӣ, мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона карда шудаанд.
Беш аз ду даҳсола ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ идома ёфта, ҳамзамон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз соли 1992 то ин ҷониб Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф, васоити ахбори оммаи мустақил ва ҷомеаи шарҳвандӣ равона карда шудаанд, ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.