Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА ба Тоҷикистон ташриф овард

Душанбе, Тоҷикистон, 11 майи соли 2018 – Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико генерал Ҷозеф Вотел бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони баландмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, Вазири мудофиа, Генерал-полковник Шералӣ Мирзо, муовини якуми вазир, Сардори ситоди генералӣ, генерал-майор Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ як қатор масъалаҳои муштарак роҷеъ ба амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни вохӯриҳои сатҳи баланд генерал Вотел бо шариконаш масъалаҳои муҳимро оид ба амнияту субот дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақше, ки онҳо дар таъмини субот дар Афғонистон мебозанд, баррасӣ намуд. Ӯ манфиатҳои зиёди муштаракеро, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, махсус қайд намуд, ки бехатарӣ дар сарҳад ва соҳибихтиёрии давлат аз қабили онҳоянд.

Ӯ инчунин ба Ҳукумати Тоҷикистон барои мизбонии конфронси баназдикӣ дар ш. Душанбе баргузоргардида дар мавзуи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” сипосгузорӣ намуда, маълумоти муфассалро оид ба кушишҳои ИМА дар нобудсозии қудрати терористон дар Афғонистон ва тамоми ҷаҳон пешниҳод намуд. Генерал Вотел ваъда дод, ки ҳамкориро баҳри ҳалли ин ва дигар мушкилиҳое, ки Осиёи Маркази бо онҳо ру ба ру мегардад, бо Тоҷикистон идома хоҳад дод. Вай инчунин роҳбарияти Тоҷикистонро барои кори пурмашаққат баҳри таъмини амнияти марзҳо ва садоқат барои пойдор нигоҳ доштани суботи минтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои барои рушди Осиёи Марказӣ муҳим, баланд арзёбӣ намуд.

Дар давоми 26 соли ҳузури Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи дастгирии бехатрӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ идома доранд ва, ҳамзамон, ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Аз соли 1992 то ин ҷониб Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1.8 миллиард доллари ИМА-ро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф ва ниҳодҳои демократӣ равона карда шудаанд, ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.