Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА ба Тоҷикистон ташриф овард

Душанбе, Тоҷикистон – Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико генерал Ҷозеф Вотел бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони баландмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати ИМА дар ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, Вазири мудофиа, Генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, муовини якуми вазир, Сардори ситоди генералӣ, генерал-майор Эмомалӣ Собирзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, генерал-лейтенант Саймумин Ятимзода, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ як қатор масъалаҳои муштарак роҷеъ ба амният мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкории мунтазами ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ аз ҷониби генерал баланд арзёбӣ гардид.

Зимни вохӯриҳои сатҳи баланд генерал Вотел моҳияти ҳамкории зеринро, ки баҳри таъмини субот ва ободию шукуфоии Тоҷикистон равона шудааст, таъкид намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки ҳамкориҳои муштарак ИМА ва Тоҷикистон ба раванди табаддул дар Тоҷикистон ва баъдан ба суботу ободӣ ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ саҳм ва мусоидат намудаст.  Вай манфиатҳои умумиро, ки барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон аҳамияти калон доранд, аз ҷумла хатари паҳншавии ифротгароии шадид ва унсурҳои террористӣ, махсус қайд намуд. Ӯ ваъда дод, ки минбаъд низ бо Тоҷикистон дар ҳалли ин ва дигар мушкилоте, ки Осиёи Марказӣ бо он рӯ ба рӯ мегарданд, ҳамкориро идома хоҳанд дод.  Генерал Вотел ҳамчунин ба роҳбарияти Тоҷикистон барои саъю кӯшиши онҳо дар соҳаи амнияти марзӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир, ва соҳаҳое, ки барои устувории амният ва шукуфоии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим ҳастанд, баҳои баланд дод. Кӯшишу талоши муштараки ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ асосан ба масоили амнияти марзӣ, мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона карда шудаанд.

Беш аз ду даҳсола ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ идома ёфта, ҳамзамон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз соли 1992 то ин ҷониб Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф, васоити ахбори оммаи мустақил ва ҷомеаи шарҳвандӣ равона карда шудаанд, ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.