Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Остин масоили амнияти минтақавиро бо роҳбарони Тоҷикистон муҳокима кард

two men shaking handsФармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Ҷ. Остин III ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар як қатор мулоқот бо роҳбарони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат дошт. Генерал Остин бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, генерал-лейтенант Шерали Мирзо, генерал-майор Зариф Шарифзода ва дигар мансабдорони олии хадамоти амнияти Тоҷикистон номгӯи васеи масъалаҳои амнияти умумиро муҳокима намуд.

Ҳангоми мулоқот дар сатҳи олӣ генерал Остин аҳамияти шарикиро ҷиҳати дастгирии суботу пешрафти Тоҷикистон таъкид кард. Давоми 20 соли охир ИМА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтаргардонии суботу амният дар Осиё Марказӣ ҳамкорӣ менамояд. Талошҳои муштаракамон дар соҳаи низомӣ беш аз пеш ба мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла ифротгароии мусаллаҳона ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, равона шудаанд. Дар вохӯриҳои худ генерал Остин омодагии Фармондеҳии марказиро ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар навгардонии қувваҳои худ бо таваҷҷӯҳи асосӣ ба баланд бардоштани иқтидори давлат барои ҳалли масъалаҳои ҷории амният тасдиқ кард.

Аз соли 1992 то ин ҷониб Иёлоти Муттаҳида маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, амният ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст.