Сафари иштирокчиёни барномаи таҳсилии ИМА “Кэпстоун” ба Тоҷикистон

Аз 8 то 12 октябри соли 2015 Сафорати ИМА дар ш.Душанбе иштирокчиёни давраи омӯзишии “КЭПСТОУН” барои генералу адмиралҳои Донишгоҳи мудофиаи миллиро дар Вашингтон дар доираи таҷрибаомӯзии минтақавии саҳроиашон мизбонӣ мекунад.

Ҳангоми сафарашон ба Тоҷикистон аъзоёни барномаи “КЭПСТОУН” бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард. Омӯзандагони барномаи “КЭПСТОУН” ба Гӯшаи амрикоӣ дар ш. Душанбе ҷиҳати шиносоӣ бо маводу давраҳои омӯзиши забони англисӣ барои ҷавонони тоҷик ташриф меоваранд. Баъд аз дидани Гӯшаи амрикоӣ шунавандагони барномаи “КЭПСТОУН” бо ҳамроҳии донишҷӯёни тоҷик дар мизи муддавар зиндагию фарҳанги Амрико ва Тоҷикистонро муҳокима мекунанд. Рӯзи душанбе онҳо рӯзи аввали давраи омӯзишии аз ҷониби ИМА барои Гвардияи миллӣ ва ДТММ ташкилшударо мушоҳида мекунанд. Ин омӯзишҳо, ки ба иқтидори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тамаркуз шудааст ва аз соли 2006 гузаронда мешаванд, фақат яке аз мисоли барномаҳои зиёди кӯмакрасон дар соҳаи амният, ки Сафорати ИМА солона мегузаронад.

Илова ба мулоқоту вохӯриҳо иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” барои беҳтар фаҳмидани таъриху фарҳанги беҳамтои Тоҷикистон дар осорхонаю бозорҳо, боғҳои Душанбе ва қалъаи Ҳиссори асри 18 сайру гашт хоҳанд кард.

Барномаи “КЭПСТОУН” барои ҳамаи генералу адмиралҳои навтаъиншуда соли 1982 таъсис ёфт. Ҳадафи омӯзиши мазкур аз баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиётҳои муштараку омехта иборат аст. Сафари гурӯҳҳои иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” ба минтақаҳои гуногун барои дарки беҳтари масоиле, ки шарикони калидӣ дучор мешаванд, ва барномаҳои таҳсилию имкониятҳои онҳо дар ноил шудан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” дар сафару чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар омӯхтани таъриху фарҳанги кишвари ташрифоварда кӯмак мерасонад, иштирок мекунанд.