Душанбе, Тоҷикистон, 12-уми октябри соли 2016 – Аз 6 то 10 октябри соли 2016 Сафорати ИМА дар ш.Душанбе иштирокчиёни курси омӯзишии “КЭПСТОУН” барои генералу адмиралҳои Донишгоҳи мудофиаи миллии ш. Вашингтонро дар доираи таҷрибаомӯзии минтақавии саҳроиашон истиқбол намуданд.
Ҳангоми сафарашон ба Тоҷикистон, аъзоёни барномаи “КЭПСТОУН” бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Омӯзандагони барномаи “КЭПСТОУН” ба Гӯшаи амрикоӣ дар ш. Душанбе ҷиҳати шиносоӣ бо маводу давраҳои омӯзиши забони англисӣ барои ҷавонони тоҷик ташриф оварданд. Баъд аз дидан намудани Гӯшаи амрикоӣ, шунавандагони барномаи “КЭПСТОУН” бо ҳамроҳии донишҷӯёни тоҷик масоили марбут ба зиндагию фарҳанги мардуми Амрико ва Тоҷикистонро гирди мизи муддавар муҳокима намуданд. Рӯзи душанбе, онҳо рӯзи аввали давраи омӯзиширо, ки аз ҷониби ИМА барои Қушунҳои сарҳадӣ ташкил гардида буд, мушоҳида намуданд. Омӯзиши мушорикат, ки муносибатҳои асосии муштаракро таъмин намуда, амниятро дар марзи муҳими байналмилалӣ таҳкиму густариш медиҳад, яке аз барномаҳои зиёди кӯмакрасони соҳаи амният мебошад, ки Сафорати ИМА ҳар сола баргузор менамояд.
Илова ба мулоқоту вохӯриҳо иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” барои беҳтар фаҳмидани таъриху фарҳанги беҳамтои Тоҷикистон аз осорхонаю бозорҳо, боғҳои Душанбе, кӯҳҳои дар шимоли шаҳр ҷойгиршуда ва қалъаи Ҳисори асри 16 сайру дидан намуданд.
Курси омӯзишии “КЭПСТОУН” дар соли 1982 таъсис ёфта, барои генералу адмиралҳои навтаъиншуда пешбинӣ шудааст. Ҳадафи омӯзиши мазкур аз баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиётҳои муштараку омехта иборат аст. Сафари гурӯҳҳои иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” ба минтақаҳои гуногун барои дарки беҳтари масоиле, ки шарикони калидӣ дучор мешаванд ва барномаҳои таҳсилию имкониятҳои онҳо дар ноил шудан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” дар сафару чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар омӯхтани таъриху фарҳанги кишвари ташрифоварда кӯмак мерасонад, иштирок мекунанд.