Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2022, барномаи грантҳо

Боқимондаҳои ҳафриёти Панҷакенти қадим. Акси шаҳри куҳнаи Панҷакент (Панҷакент, Тоҷикистон)

Душанбе, Тоҷикистон, 23 октябри соли 2021 – Сафорати ИМА бо камоли мамнуният озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ барои соли 2022 (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд. Аз довталабон талаб карда мешавад, ки аввал тавсифи мухтасари лоиҳаи худро дар ду саҳифа пешниҳод кунанд. Пас аз интихоби лоиҳаҳои беҳтарин, аз довталабони интихобшуда хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи худро ба таври пурра пешниҳод намоянд. ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ ва таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани мавзеҳои муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ намудани технологияи ҳунарҳои анъанавӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд, дастгирӣ менамояд.

Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва изҳор намудани эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишона аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият аст. То ба имрӯз Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 17 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 806 424 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.

Барои гирифтани маълумоти муффасал ва дастур оид ба пур кардани дархости консепсияи лоиҳа, лутфан, аз ин пайвандhttps://bit.ly/3b1gTW7 истифода баред.

Муҳлати охирини супоридани дархости лоиҳа 22 ноябри соли 2021 мебошад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо пеш аз муҳлати ниҳоӣ қобили қабул аст. Ҳуҷҷатҳои супоридашуда аз вақти пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.