Сафири ИМА Сюзан Эллиотт дар ҳамроҳӣ бо раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ осорхонаи таърихии Мадрасаи “Мирраҷаб Додхоҳ”-ро дар ш. Конибодом кушоданд. Мадрасаи “Мирраҷаб Додхоҳ” дар нимаи дуюми асри 17 (солҳои 1659-1669) бо кӯмаки ҳунармандони маҳаллӣ сохта шудааст. Вазорати фарҳанг нигоҳубини ин маҷмааро ба ӯҳда дорад ва он ҳамчун осорхона барои омма фаъолият мекунад. Моҳи сентябри соли 2013 ташкилоти ҷамъиятии миллии “Тараққиёт” ибтикори бозсозии мадраса шуд, ки он аз ҳисоби гранти барномаи Ҳукумати ИМА “Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ” (ХСҲМФ) дар ҳаҷми 79 600 долари амрикоӣ маблағгузорӣ шуд.
ХСҲМФ муҳофизати иншооту ёдгориҳои фарҳангӣ ва шаклҳои хештангароии фарҳанги анъанавиро дар зиёда аз 100 кишварҳои рӯ ба инкишоф дар саросари ҷаҳон дастгирӣ менамояд. Аз лаҳзаи оғози фаъолияташ дар соли 2001 ХСҲМФ 15 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 540 000 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кард. Нигоҳдориву тармими мадраса ва мақбараи “Хоҷа Машҳад” дар ш. Шаҳритуз, ки дар асри 9 сохта шудааст, ҳифзи нақшҳои рӯи девории гулҳои лола аз қасри поёнии Панҷакенти бостонӣ ва барқарорсозию ҳифзи нигораҳои Осорхонаи давлатии атиқа мисоли лоиҳаҳои гузашта ҳастанд. Ҳамчунин ХСҲМФ нашри феҳристи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистонро бахшида ба 20-ум солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Вазорати фарҳанг омодашуда маблағгузорӣ кард.
Дафтар оид ба корҳои маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА “Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ”-ро идора мекунад. Дафтари мазкур тавассути фаъолияти ҳифзи фарҳанг ҷиҳати паст кардани хатари ғорату тороҷ шудани мероси фарҳангии барқарорнашаванда ва таҳияи стратегияи дарозмуддат барои ҳифзи сарвати фарҳангӣ бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ менамояд. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.