Душанбе, Тоҷикистон, 31 январи соли 2017 – Имрӯз Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Шарифӣ Аъзамшо Латифзод вохурӣ баргузор намуд. Дар рафти вохӯрӣ, тарафҳо 25 соли ҳамкориро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, онҳо фазои сармоягузории Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф ва институтҳои демократиро муҳокима намуданд.