Душанбе, Тоҷикистон, 30 май соли 2022 — Бо интиқоли имрӯзаи 198 900 вояи ваксинаи Pfizer, Иёлоти Муттаҳида тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) шумораи ваксинаҳои Pfizer ва Moderna-ро дар Тоҷикистон ба беш аз се миллион расонид. Ин таҳвилҳо тавассути COVAX, як ташаббуси глобалӣ барои дастгирии дастрасии баробар ба ваксинаҳои алайҳи COVID-19, имконпазир гардид.
Аз моҳи марти соли 2020, Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак дар муборизаи Тоҷикистон бар зиддӣ COVID-19, ба маблағи беш аз 13,5 миллион доллар таҷҳизот ва дастгирии техникӣ ҷудо кардааст. Ин дастгирӣ барои хариди лавозимоти тиббӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ; такмили ташхисгоҳҳо, омӯзонидани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин дастгирии кӯшишҳои эмкунӣ дар Тоҷикистон, истифода бурда мешавад. Иёлоти Муттаҳида шарикиро бо Тоҷикистон барои хотима додан ба пандемияи COVID-19, коҳиш додани таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии он ва беҳтар намудани омодагӣ ба вокуниш ба авҷгирии оянда, идома хоҳад дод.
Барои суръат бахшидан ба муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди COVID-19 ва таҳкими талошҳои доимии Иёлоти Муттаҳида баҳри эмгузаронии нафарони бештар, ҳукумати ИМА 1,2 миллиард ваксинаи COVID-19-ро ба кишварҳои эҳтиёҷманд ба таври бехатар, одилона ва бе ягон шарту шароит, ҳадя хоҳад кард. То имрӯз дар саросари ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида, ҳамчун кӯмак барои мубориза алайҳи COVID-19, беш аз 5,7 миллиард доллари ИМА-ро фиристодааст ва расонидани кӯмаки бештар дар назар аст.
Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли бо ишора ба муваффақияти маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон, ки аллакай беш аз 90 дарсади аҳолии мақсаднокро фаро гирифтааст, чунин шарҳ дод: «Мо содиқ ҳастем, ки талошҳои Вазорати тандурустиро барои эмгузарониии 70 дарсади сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла наврасони то 18-сола то моҳи сентябри соли 2022 дастгирӣ кунем. То он даме, ки ҳама эм гузаронда нашаванд, ҳеҷ кас аз бемории COVID-19 эмин нест, ва мо тамоми имконятҳои мавҷудбударо истифода мекунем, то ба мардуми Тоҷикистон пешбурди ҳаёти солим ва озод аз COVID-19 кумак кунем.»
USAID – агентии пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба ҳайси муҳаррик барои ноилшавӣ ба рушди босубот баромад мекунад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/tajikistan ва сафҳаи дар Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe