Шумораи ваксинаи зидди COVID-19 аз Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба беш аз 2,8 миллион воя расид

Душанбе, Тоҷикистон, 4 апрели соли 2022 — Бо интиқоли имрӯзаи 198 900 вояи ваксинаи Pfizer, Иёлоти Муттаҳида тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) шумораи ваксинаҳои Pfizer ва Moderna-ро дар Тоҷикистон ба беш аз 2,8 миллион расонд. Ин таҳвилҳо тавассути COVAX, як ташаббуси глобалӣ барои дастгирии дастрасии баробар ба ваксинаҳои COVID-19, имконпазир гардид.

Аз моҳи марти соли 2020, Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба муборизаи Тоҷикистон бар зиддӣ COVID-19, ба маблағи беш аз 13,5 миллион доллар таҷҳизот ва дастгирии техникӣ ҷудо кардааст. Ин дастгирӣ барои хариди лавозимоти тиббӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ; такмили лабораторияҳо, омӯзонидани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин дастгирии кӯшишҳои эмкунӣ дар Тоҷикистон, истифода бурда мешавад.  Иёлоти Муттаҳида шарикиро бо Тоҷикистон барои хотима додан ба пандемияи COVID-19, коҳиш додани таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии он ва беҳтар намудани омодагӣ ба вокуниш ба авҷгирии оянда, идома хоҳад дод.

Барои суръат бахшидан ба муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди COVID-19 ва таҳкими талошҳои доимии Иёлоти Муттаҳида баҳри эмгузаронии нафарони бештар, ҳукумати ИМА беш аз 1,2 миллиард ваксинаи COVID-19-ро ба кишварҳои эҳтиёҷманд ба таври бехатар, одилона ва бе ягон шарту шароит, ҳадя кардааст. То имрӯз дар саросари ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида, ҳамчун кӯмак барои мубориза алайҳи COVID-19, беш аз 5,7 миллиард доллари ИМА-ро фиристодааст ва расонидани кӯмаки бештар дар назар аст.

Иҷрокунандаи вазифаи директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Ҷеймс Пэрис бо ишора ба муваффақияти маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон, ки аллакай беш аз 88 дарсади аҳолии мақсаднокро фаро гирифтааст, чунин шарҳ дод: «Мо ният дорем, ки Тоҷикистон то моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар доираи барномаи эмгузаронӣ, 70 дарсади аҳолиро пурра эм кунад, ки ин як қисмати ташаббуси маъмурияти Байден «Ҷаҳонро эм кунед!”мебошад.

USAID – агентии пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба ҳайси муҳаррик барои ноилшавӣ ба рушди босубот баромад мекунад.  Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/tajikistan ва сафҳаи дар Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe