Душанбе, Тоҷикистон, 26 апрели соли 2019 – Намояндагони расмии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ва Вашингтон, аз ҷумла Директори Дафтари марказии Департаменти Давлатии ИМА Марк Муди, бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Ваколатдори Ҳуқуқи Башар, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд. Онҳо дар бораи масъалаҳое, ки соли гузашта дар ҷаласаи ҳарсолаи машваратӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд, суҳбат карданд. Ин суҳбатҳо, аз он ҷумла, масъалаҳоиҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва амният, инчунин ҳамкории минтақавӣ, робитаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон ва формати сиғаи C5 + 1-ро дар бар мегирифтанд.
Ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки машваратҳои дуҷонибаро охири соли ҷорӣ дар Вашингтон гузаронанд. Машваратҳои мазкур муколамаи аз ҳама мукаммалтарин байни ду кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби ҳар ду тараф дастгирӣ карда мешавад. Ин муколама имкон медиҳад, то ҷонибҳо муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро дар давоми соли гузашта таҳти баррасӣ қарор дода, ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои ояндаро муайян намоянд.
Сафир Ҷон Марк Поммершайм ва Директор Марк Муди бо аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи соҳибкорон мулоқот карданд.