Душанбе, Тоҷикистон, 23-юми декабри соли 2021 – 30 сол пеш, 25-уми декабри соли 1991, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 14-уми феврали соли 1992 кишварҳои мо дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аҳд карданд.
Аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ, Иёлоти Муттаҳида ба мардуми Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард доллар барои рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, таъминоти оби тоза, маориф, амният, дастрасӣ ба нерӯи барқ ва ба роҳ мондани равобити байнишахсӣ миёни мардуми кишварҳоямон, кумак кардааст. Ин барномаҳо барои раҳоии хонаводаҳо аз камбизоатӣ, коҳиши камғизоӣ, афзоиши саводнокӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, наҷот додани ҳаёти мардум ва ҳифзи Тоҷикистон аз таҳдидҳои амниятӣ кумак кардаанд.
Сафорати ИМА дар Душанбе барои таҷлили 30-умин солгарди равобити судманд ва дӯстона байни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳҳои оянда як силсила чорабиниҳо ва маъракаҳо баргузор хоҳад кард. Чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:
24-уми декабр:
- Соати 17-00: Ифтитоҳи намоиши аксҳои аксбардорони ҳаваскори тоҷик аз саросари Тоҷикистон. (даромади озод).
Аз 11-ум то 14-уми январ:
- Нишасти матбуотӣ бахшида ба 30-умин солгарди муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон
- Нашри китоб оид ба таърихи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон
- Нашри аксҳо дар бораи равобити Тоҷикистону Амрико
- Ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо бахшида ба муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон
- Нахустнамоиши филми мустанад дар бораи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон
- Кушодашавии озмуни сурудхои тоҷикию амрикоӣ
Аз 17-ум то 23-уми январ:
- Сафари гурӯҳи мусиқанавозони «The Fremonts» аз шаҳри Боулдери аёлати Колорадо дар Тоҷикистон.
Феврал
- Аз 7-ум то 12-уми феврал: Сафари гуруҳи мусиқанавозони марказии нерӯҳои ҳавоии ИМА (AFCENT) дар Тоҷикистон.
- Аз 14-ум то 19-уми феврал: Фестивали намоиши филмҳои тоҷикию амрикоӣ.
Март
- 12-уми март: Рӯзи инноватсияҳо дар Маркази амрикоии шаҳри Душанбе.
- Нашри 1000 адад китоби комикс бахшида ба дӯстии ИМА ва Тоҷикистон.
Март-апрел
- Сафари мусиқанавозони тоҷику амрико дар доираи “Battle of the Bands”.
Май
- Фестивали минтақавии Go Viral дар Душанбе