Душанбе, Тоҷикистон, 24 август, соли 2018 – Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ғолибони озмуни “Бонуи соҳибкори сол”, барои дарёфти ҷоизаи “Фараҳ 2018”-ро эълон намуд. Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт дар маросими ҷоизасупорӣ ва тақдими диплому мукофотҳо ба ғолибони ин озмун иштирок кард ва сарпарасти кулли озмун “ИМОН Интернейшнл” ба ғолиби асосӣ мукофоти пулиро ба маблағи 100 000 сомонӣ эҳдо намуд. АМЗСТ озмунро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва бо дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ташкил ва доир намуд.
Озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи марти соли ҷорӣ шурӯъ гардид ва дар он 407 зани соҳибкору ҳунарманд аз саросари кишвар иштирок намуданд. Кумита, иборат аз коршиносони мустақил дар соҳаи соҳибкорӣ, иқтисод ва молия 94 довталабро ба даври навбатии озмун интихоб намуд. Кумитаи мазкури коршиносон пас аз баррасии муфассали фаъолияти соҳибкории ҳар як довталаб бо онҳо мусоҳибаҳои телефонӣ анҷом дода, аз маҳали кории ҳар соҳибкор боздид кард ва, дар натиҷа, 34 довталаб ба даври ниманиҳоии озмун ба қувваозмоӣ барои дарёфти ҷоиза дар 6 намуди соҳибкорӣ роҳхат ба даст оварданд. Шаш ғолиб дар зер номбар мешаванд ва аз ин шаш нафар як барандаи мукофоти олӣ низ интихоб гардид.
Истеҳсолот: Мамадкаримова Лутфия
Хизматрасонӣ ва хӯроки умуми: Махмудова Раъно
Ҳунарҳои дастӣ/мӯд/тарроҳӣ: Ашурматова Каромат
Кишоварзӣ: Тиллоева Зулайхо
Хизматрасонии тиббӣ ва маориф: Гадойбоева Умеда
Ибтидои бизнес: Джумаева Мавджуда
Барандаи мукофоти олӣ: Тиллоева Зулайхо
Мақолаҳо дар бораи муваффақияти ҳамаи иштироккунандагони давраи ниманиҳоӣ дар маҷаллаи “Ҷоизаи Бонуи соҳибкори сол – Фараҳ 2018” нашр хоҳад шуд. Илова бар ин, дар айни ҳол наворҳои мустанади кӯтоҳ дар бораи ҳар яке аз 34 иштироккунандаи даври ниманиҳоӣ дар шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ва миллӣ намоиш дода мешавад.
Қабл аз маросими ҷоизасупорӣ Ассотсиатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон барои ҳамаи иштироккунандагони озмун дарсҳои коршиносӣ ва вохӯриҳо барои шиносоӣ, инчунин намоиши маҳсулоти ҳунарҳои дастиро доир намуд. Соҳибкорон пас аз анҷоми озмун ҳамкории худро бо АМЗСТ барои рушди минбаъдаи ҳунару маҳорати худ дар корбарии бизнес идома хоҳанд дод ва дар амри ташвиқи ҷавонон ба соҳибкорӣ ҳамчун устод фаъолият хоҳанд кард.