Душанбе, Тоҷикистон 13 декабри 2021 – Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм имрӯз мизи мудавварро оид ба талошҳои Тоҷикистон барои дастрасии бештари модарону кӯдакон ба ғизои фоиданок ифтитоҳ кард. Дар баробари ӯ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Парлумони Тоҷикистон, Хазинаи кудакони Созмони Миллалӣ Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии байналмиллалӣ ва маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Ин мизи мудаввар таҳти сарпарастии ҷунбиши Ҳаракати глобали васеъкунии ғизо (SUN) баргузор гардид, ки ҳукумати ИМА ҳамчун узви шӯрои ҳамоҳангсозии бисёрсоҳавӣ яке аз пешбарандагони асосии он мебошад.
Барои тезонидани пешрафти Тоҷикистон дар ғанигардонии ғизо, натиҷаҳои асосии арзёбии ғанигардонии озуқаворӣ, оид ба қобилияти осиёбҳои бузург барои илова кардани маводи ғизои пурқувват, ки ба наздикӣ аз ҷониби USAID дастгирӣ ёфтаанд, баррасӣ шуданд. Дар ҷаласа ҳамчунин муаррифии Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва шиносоӣ бо Барномаи миллии пешгирии норасоии микроэлементҳо ва бемориҳои ба он алоқаманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 баргузор гардид. Иштироккунандагони маҷлис ба як хулосаи умумӣ омаданд, ки барои ичрои ин нақшахо гурухи кории байнисоҳавӣ ташкил карда шавад.
Норасоии микроэлементҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мушкилоти саломатии аҳолӣ боқӣ мемонад. «Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ғанигардонии орди гандум дар миқёси васеъ роҳи исботшуда ва камхарҷ барои беҳтар намудани ғизо, коҳиш додани норасоии микроэлементҳо, коҳиш додани камхунӣ дар байни занону кӯдакон ва беҳбуди натиҷаҳои солимии ҷомеа мебошад. Ғанигардонии маҳсулоти хӯроквории асосӣ роҳи бехатари беҳбуди саломатии мардум ҳисоб меёбад.” – қайд намуд зимни вохӯрӣ ҷаноби Сафир Ҷон Марк Поммершайм.
Ҳукумати ИМА ӯҳдадор аст, ки тавассути USAID ташаббуси ғанигардонии маҳсулоти хӯрокаро дастгирӣ намояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроковрии ғанигардонидашуда » самти татбиқи барномаҳои пешгирӣ ва рафъи норасоии микроэлементҳо ва бемориҳои ба он вобастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. USAID барои таҳкими системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани меъёрҳои иҷтимоӣ оид ба ғизо ва саломатии модару кӯдак, бо мақсади таъмини тарзи ҳаёти солим, дастгирии техникӣ мерасонад.
###
USAID – Агентии пешбари байналмилалӣ оид ба рушд ва яке аз фаъолони таккондиҳанда мебошад, ки барои расидан ба натиҷаҳои рушд кӯмак мерасонад. Маълумоти бештарро аз сомонаи зерин дарёбед:https://www.usaid.gov/tajikistan ва аз саҳифаи расмии Facebook пайдо намоед: https://www.facebook.com/usembassy.duahanbe