Ҳукумати ИМА ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи озуқа дастрас менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 9-уми апрели соли 2020 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири сулҳ», ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Авасто ва созмони амрикоии Resource and Policy Exchange, Inc.  (RPX)  56 280 кг кӯмаки озуқаворӣ, ки зиёда аз 171 000 доллари ИМА арзиш дорад, ба Тоҷикистон дастрас  намуданд.  Ин кӯмак ба зиёда аз 100 муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ба беморхонаҳое, ки бо мақсади карантини вобаста ба касалии COVID-19 истифода шуда истодаанд, беморони дар табобатии амбулатории касалии силиба дору устувор гузаронида шудаанд,  беморҳонаҳои касалиҳои сил, саратон, касалиҳои руҳӣ, Ҷамъияти Миллии Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Агентии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон таксим карда мешавад.  Зиёда аз 33 000 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кӯмак баҳра хоҳанд бурд.

Маводи ғизоии мазкур аз сабзавот ва лӯбиёгиҳои хушккардашуда, ки бо витаминҳо ва минералҳо ғанигардонида шудаанд,  иборат буда,  дар муассисаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ ва хонаводаҳои осебпазир барои тайёр кардани хӯроки гарм истифода бурда мешавад.  Дастрас намудану тақсимоти ин маводи хӯрока ва назорати истифодаи самараноки он ба зиммаи ташкилоти ҷамъиятии Авасто вогузор карда шудааст.|

Ин лоиҳа аз соли 2007 инҷониб ба Тоҷикистон қариб 700 тонна кӯмаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 1,3 миллион доллари ИМА дастрас намуд.  Илова бар ин кӯмаки фаврӣ, ИМА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини аҳолӣ бо хизматҳои тиббии босифат, ки дар асоси далелҳо таъсис ёфтаанд ва бо арзиши самаранок расонида мешаванду  нишондиҳандаҳои саломатии кишварро беҳтар хоҳад намуд, ҳамкорӣ мекунад.  Ба ин ҳамкориҳо талошҳои дарозмуддат оид ба мубориза бо паҳншавии бемории сили ба дору устувор, кам кардани паҳншавии ВНМО/БПНМ, беҳтар намудани саломатии занон ва кӯдакон тавассути пешниҳоди хизматрасонии тибби ва ғизои беҳтар дохил мешаванд.

Ташкилоти ҷамъиятӣ Авасто, ки онро зан роҳбарӣ мекунад, барои беҳтар кардани вазъи саломатии занон ва насли ҷавон, ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон,  фаъолият мекунад.  Мақсаду мароми асосии ташкилоти RPX ин беҳтар намудани меъёрҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дастрасии иттилоот бо роҳи дастгирии техникӣ ва кӯмак бо озуқаворӣ ва маводи доруворӣ мебошад.

###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад.  Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, либерализатсияи Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад.  Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/centralasiaregional ва сафҳаи USAID дар Facebook:  https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia

###
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ оид ба сирояти нави коронавирус COVID-19, лутфан метавонед ба сомонаи зерин ташриф оваред:https://www.cdc.gov/coronavirus/2019-ncov/index.html
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи вокунишҳои USAID оид ба COVID-19, лутфан аз сомонаи зерин боздид намоед:https://www.usaid.gov/coronavirus-covid-19