Талошҳои ҳукумати ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19

Душанбе, Тоҷикистон, 7-уми апрели соли 2020 – Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) 866,000 долларро барои таҳкими қобилияти Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 ҷудо менамояд.  Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм [дар паёми видеоӣ ба мардуми Тоҷикистон: https://bit.ly/2x38DEK] изҳор дошт, ки кӯмаки USAID ба кӯшишҳои Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 мусоидат хоҳад кард.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ин маблағҳоро ба шарикони USAID – Abt Associates, Федератсияи байналмилалии салиби сурх ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешниход менамояд. Ин  созмонҳо айни замон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва фаъолият мекунанд, ки ин ба таъсири мустақими маблағҳои ҷудошуда мусоидат мекунад.

Ин вокуниши ибтидоӣ ба таҳдиди пандемия дар ҳамкории зич бо Марказҳои Иёлоти Муттаҳида оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешавад. Корҳои мазкур ба таҳкими иқтидори системаи тандурустии Тоҷикистон, хариди молҳои аввалиндараҷа барои назорат ва пешгирии сироят; баланд бардоштани қобилияти лабораторӣ (аз ҷумла интиқоли таҳлилҳо ва таҷҳизот) ва такмил додани назорат, вокуниши фаврӣ, идоракунӣ, иттилоотнокӣ оид ба хавфи пандемия ва иштироки ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

Ин кӯмак бахше аз кӯшишҳои ҳукумати ИМА дар саросари ҷаҳон барои мустаҳкам кардани қобилияти кишварҳои шарик дар пешгирӣ ва назорати сироятҳо, ба монанди сил, ВНМО ва пандемияи COVID-19 мебошад.  Сафир Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди COVID-19 ба кишвар баланд арзёбӣ кард ва қайд намуд: “Ҳукумати ИМА минбаъд низ талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва таъсири ин хатари ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад намуд.” Дар тӯли даҳсолаҳо Иёлоти Муттаҳида бузургтарин манбаи ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Ин кӯмак 125 миллион доллари амрикоиро барои сармоягузории соҳаи тандурустӣ ва беш аз 1 миллиард доллар кӯмаки умумӣ дар 20 соли охирро дар бар мегирад. Ин саховатмандӣ тариқи саҳми мо дар фаъолияти якчанд шарикони муҳими бисёрҷониба таъкид мегардад, ба монанди:

  • Иштироки Иёлоти Муттаҳида дар маблағгузории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар соли 2019, ки беш аз 400 миллион долларро ташкил дод ва ин қариб ду баробар зиёдтар аз саҳми дуюмин калонтарин давлати иштирокчӣ мебошад.
  • Саҳми ИМА дар маблағгузории Агентии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) беназир аст – қариб 1,7 миллиард доллар дар соли 2019, ин дастгирӣ дар ин рӯзҳо аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро гурезагон аз пандемияи COVID-19 фавкулодда осебпазир мебошанд.
  • Саҳми Иёлоти Муттаҳида дар маблағгузории Хазинаи кӯдакони СММ дар соли 2019 беш аз 700 миллион долларро ташкил дод. Фаъолиятҳои наҷотбахши ҳаёти ЮНИСЕФ дар тӯли солҳои зиёд, ба монанди маъракаҳои эмгузаронӣ, омӯзишу кӯмакҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ, ҳангоми мубориза бо ин сироят низ метавонад ҳаёти бисёр одамонро наҷот диҳад.

Азбаски хавфи хуруҷи сироят дар як ҷо метавонад ба тамоми ҷахон тахдид кунад, Иёлоти Муттаҳида аз дигар донорҳо низ даъват менамояд, ки кӯшишҳои ҷаҳонии мубориза бо COVID-19-ро дастгирӣ намоянд.

###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, саховатмандии амрикоиро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад. Маълумоти бештар дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia

###
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ оид ба сирояти нави коронавирус COVID- 19, лутфан метавонед ба сомонаи зерин ташриф оваред: https://www.cdc.gov/coronavirus/20 19-ncov/index.html
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи вокунишҳои USAID оид ба COVID- 19, лутфан аз сомонаи зерин боздид намоед: https://www.usaid.gov/coronavirus-covid-19