8 августи соли 2018 – Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва ҳукумати вилояти Хатлон аввалин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдориро ташкил намуданд, ки ду рӯз давом карда, имкониятҳои ҳамкорӣ ва бунёди шабакаи додугирифтро барои зиёда аз 300 истеҳсолкунандагони боғдор, фурӯшанда ва харидори маҳсулоти боғдорӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фароҳам намуд. Иштироккунандагон инчунин роҳҳалҳои инноватсиониро барои танзими савдо ва ривоҷи содироти маҳсулоти боғдорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
Хатлон дар айни замон дорои иқтидори истеҳсолии густурдаи боғпарварӣ дар Тоҷикистон мебошад. Деҳқонони вилояти Хатлон ҳатто бинобар ба даст овардани аввалин ҳосили мавсимӣ дар Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар истеҳсолкунандагони минтақа бартарии калидӣ доранд. Ҳадафи ин форум бунёд кардани робитаҳо миёни боғдорони вилояти Хатлон ва харидорон аз вилояти Суғд ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки он ба қарордодҳои тиҷоратии мутақобилан судманд асос мегузорад.
Рӯзномаи форум инчунин ҷаласаҳои гуногунро оид ба таҷрибаҳои пас аз ҷамъоварии ҳосил, моделҳои идоракунии нигоҳдории сард, маълумот дар бораи нақлиёт ва логистика дар бар гирифт. Маркази тиҷорати байналмилалӣ дастурҳои тадриҷиро оид ба тарзи содироти маҳсулот бо роҳи дастгирии мустақим аз портали мусоидат ба тиҷорати худ пешниҳод намуд.
USAID cоҳаи кишоварзии вилояти Хатлонро аз соли 2012 тавассути барномаи ҷаҳонии ИМА оид ба рафъи камбизоатӣ “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дастгирӣ кардааст, ки он кӯшишҳоро бо мақсади таъмини ҳуқуқи истифодаи замин барои деҳқонон, омӯзиш дар бораи таҷрибаҳои замонавии истеҳсол ва ҷамъоварии ҳосил, васеъ кардани иншооти нигоҳдории сард ва беҳтар намудани сифати таҷҳизоту тухмиҳо дар бар мегирад. Оилаҳои деҳқонон ҳатто маълумотҳоро дар бораи тандурустӣ ва маводи ғизоӣ мегиранд. Ин барномаҳо ҳоло дар якҷоягӣ бо лоиҳаҳои тиҷоратии минтақавии USAID, ба монанди Фаъолиятҳои USAID дар соҳаи рақобатпазирӣ, тиҷорат ва шуғл дар Осиёи Марказӣ, бо мақсади таъмин намудани дастрасии бештари истеҳсолкунандагони боғдор ба бозорҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Лоиҳаи Фаъолиятҳои USAID дар соҳаи рақобатпазирӣ, тиҷорат ва шуғл дар Осиёи Марказӣ ба савдо ва шуғл дар соҳаи боғдорӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика дар саросари иқтисодҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. USAID тавассути кӯмак барои бештар рақобатпазир шудани ширкатҳо дар минтақа ва бо ҳалли монеаҳои байнисарҳадии савдо ба рушди бахши хусусии бештар гуногуну рақобатпазир ва афзоиши содирот мусоидат менамояд.