Душанбе, Тоҷикистон, 20-уми июни соли 2020 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) – Агентии СММ доир ба муҳоҷират ба бозгашти амни 600 муҳоҷири тоҷик, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат намуд. Муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла, занону кӯдакон ва донишҷӯён аз гузаргоҳи марзии Жибек Жолии Қазоқистон тавассути хоки Узбекистон ба Тоҷикистон баргаштанд. Ин ибтикор дар ҳамоҳангии наздик бо ҳукуматҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон сурат гирифт.
Аз 3-юми июн сар карда, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, бахше аз онҳо ҷавонон, занон ва кӯдакон, ки бо шӯъюи бемории фарогири COVID-19 дар Қазоқистон дармонда буданд, ба сарҳади Узбекистон рафтанд ва умед доштанд, ки ба ватан бармегарданд. Бархе аз онҳо дар шароити сабрзудо дар марз бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ, зери хатари гирифторӣ ба COVID-19 муддате қарор доштанд. Бо сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм интизор мешуданд. СБМ онҳоро бо об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ таъмин менамуд.
Ҳукумати ИМА ба муҳиммияти ҷилавгирӣ аз густариши COVID-19, ҳимояи саломатии ҷомеа ва ҳуқуқи муҳоҷирон дар кишварҳои мизбон, интиқол ва ватани аслиашон таъкид менамояд.
##
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, либерализатсияи Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia
Агентии СММ доир ба муҳоҷират аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши COVID-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон барои бозгашт таъкид менамояд. СБМ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол, ва ватани аслии муҳоҷирон даъват мекунад, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармондаро, бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа, ҷӯё шаванд.