ТАВСИФИ БАРНОМА:
Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА (PAS) дар Душанбе озмуни пешнињодњои лоиҳавӣ барои идораи логистикии шабакаи хатмкардагони барномаҳои омўзишии Ҳукумати ИМА (USG) дар Тоҷикистонро эълон менамояд.
Маълумотнома:
Дар тӯли 27 соли охир, тақрибан панҷ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар барномаҳои мубодилавӣ бо дастгирии молиявии Ҳукумати ИМА иштирок намуданд. Гарчанде ки хатмкардагон ба тартиби инфиродӣ ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд, лекин шабакаи мушаххас вуҷуд надорад, то ки онҳоро минбаъд низ ҷалб намояд ва муттаҳид созад. Тариқи чунин шабака онҳо метавонанд комёбиҳои худро густариш диҳанд, якдигарро дастгирӣ кунанд ва ба табодули минбаъдаи байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Ҳадаф:
Дар ҳамоҳангӣ бо Сафорати ИМА дар Душанбе грантгиранда ба дастгирӣ ва тақвияти шабакаи хатмкунандагони барномаҳои омўзишии ИМА дар Тоҷикистон (USANT) вақт ва нерўи худро дареғ нахоҳад дошт, то ки хатмкардагони барномаҳои мубодилавӣ тавонанд ба арзишҳои муштараки зеҳнӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва демократии халқҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико такя намоянд.
Ҳадафи дарозмуддати ин барнома таъсис додани шабакаи устувори иштирокчиёни барномаҳои омўзишии мубодилавӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бино ба назари Сафорати ИМА, ҳадафи мазкурро дар се марҳила ба даст овардан мумкин аст. Дархост барои бастани созишномаи ҳамкорӣ бояд ҳамаи чорабиниҳои марҳилаи 1-умро аз рўи ин созишномаи ҳамкории 12-моҳа инъикос намояд. Бо назардошти вақт ва захираҳо, грантгиранда бояд ҳамчунин пойдевор бунёд намояд ва ё ба татбиқи чорабиниҳои марҳилаи 2-юм шурўъ кунад. Дар ниҳоят, Сафорати ИМА интизори он аст, ки дар солҳои наздик барнома ба марҳилаи сеюм мегузарад.
- Марҳилаи 1-ум:
- Мусоидат намудан ба таъсиси шӯъбаҳои минтақавӣ (ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ);
- Таҳким ва ҷалб намудани ҷамъияти хатмкунандагон бо роҳи таъсис ва нигоҳдории махзани маълумот оиди хатмкунандагон;
- Мусоидат намудан ба барномаи мураббигии хатмкардагон дар сатҳи миллӣ;
- Ташкил намудани мулоқоти хатмкардагон ва барқарор сохтани робитаҳо байни барномаҳо дар сатҳи миллӣ;
- Муайян кардани ҳадафҳо ва марҳилаҳои қобили андозагирӣ, ки онҳоро метавон барои пайгирии иштироки хатмкардаҳои барномаҳои мубодилавӣ дар саросари кишвар истифода бурд;
- Марҳилаи 2-юм:
- Тақвият додани шӯъбаҳои навтаъсисёфтаи хатмкардагон тариқи барномаи грантҳои хурд;
- Ташкил намудани мулоқотҳои хатмкардагон ва барқарор сохтани робитаҳо байни барномаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ;
- Ташкил ва таҳияи барномаҳо ва чорабиниҳои мақсаднок ва қобили андозагирӣ барои хатмкардагон дар саросари кишвар;
- Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи дастовардҳои хатмкардагон баъди хатми барнома дар ВАО (масалан: радио, телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаи нави шабакаи хатмкардагон);
- Марҳилаи 3-юм:
- Ташкил намудани мулоқотҳои хатмкардагон ва барқарор сохтани робитаҳо байни барномаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ;
- Ҷалбкунӣ ва таҳкими раъйҳои хатмкардагон тавассути конфронсҳои тематикӣ, ки аз сўи хатмкардагон баргузор мегарданд.
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУКОФОТИ ФЕДЕРАЛӢ:
Навъи абзори маблағгузорӣ: Созишномаи ҳамкорӣ
Муҳлати пешбинигардида барои иҷрои лоиҳа: 12 моҳ
Шумораи мукофотҳои пешбинишуда: 1
Ҳаҷми ҳадди аксари мукофот: $25.000
Шўъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе ҳақ дорад миқдори камтар ё зиёдтар аз маблағи пешбинишудаи мукофот, дар сурати дарёфт нагардидани дархостҳои сазовор ва ё дар ҳолатҳои дигар бо таваҷҷўҳ ба ҳифзи манфиатҳои Ҳукумати ИМА, тақдим намояд.
Муҳлати лоиҳа ва буҷет: Шўъбаи равобит бо ҷомеа дархостҳоро берун аз ҳудуди давраи ибтидоии буҷетӣ ба тартиби ғайриозмунӣ баррасӣ хоҳад кард, ки ин вобастагӣ дорад ба мавҷуд будани маблағ, рафти қаноатбахши иҷрои барнома ва муайян намудани он, ки маблағгузории минбаъда ба ҳифзи манфиатҳои Департаменти давлатии ИМА ҷавобгў хоҳад буд.
МАЪЛУМОТ ОИД БА КОМИЛҲУҚУҚИЯТ:
Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе ташвиқ менамояд, ки созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии (СҒД) Тоҷикистон дархости худро ирсол кунанд. Дар ин ҳолат бояд зикр кард, ки ба созмонҳои дорои таҷрибаи кории на камтар аз ду сол бештар тарҷеҳ дода мешавад. Таҷрибаи корӣ бояд дар пешниҳоди лоиҳавии созмони ғайридавлатӣ ҳуҷҷатнок карда шавад. Нусхаи бақайдгирии созмон бояд ҳамроҳ бо дархост барои иштирок дар озмун ирсол карда шавад. Созмонҳо бояд нусхаи гувоҳинома оиди бақайдгириро аз идораи дахлдори ҳукуматӣ пешкаш намоянд.
Талаботҳои дигар оиди комилҳуқуқият:
Барои комилҳуқуқ будан ба дарёфти мукофот, созмонҳо бояд тартиботи зеринро риоя намоянд:
- Пур кардани саволномаҳо барои гирифтани рақами DUNS ва рақами NCAGE (саволномаҳои мазкурро дар як замон пур кардан мумкин аст)
- Саволномаи DUNS: Созмонҳо бояд дорои рақами Системаи Рақамгузории Универсалии Маълумот (DUNS) аз Dun & Bradstreet бошанд. Агар созмони шумо дорои чунин рақам набошад, шумо метавонед онро тариқи занг задан ба 1-866-705-5711 ё ташриф овардан ба сомонаи http://fedgov.dnb.com/webform дарёфт намоед.
- Саволномаи NCAGE: Саҳифа бо саволнома дар ин ҷост (аммо ба шумо лозим меояд, ки заррабинро пахш кунед ва баъд ба самти пойин ҳаракат карда, бақайдгирии навро пахш намоед) https://eportal.nspa.nato.int/AC135Public/scage/CageList.aspx
- Дастур барои пур кардани пурсишномаи NCAGE: https://eportal.nspa.nato.int/AC135Public/Docs/US%20Instructions%20for%20NSPA%20NCAGE.pdf
- Барои дарёфти кўмак аз ИМА ба 1-888-227-2423 занг занед
- Барои дарёфти кўмак берун аз ИМА ба 1-269-961-7766 занг занед
- Дар сурати ба миён омадани мушкилот дар гирифтани рамзи NCAGE, тариқи почтаи электронии NCAGE@dlis.dla.mil муроҷиат намоед. Пас аз гирифтани рамзи NCAGE, ба сомонаи https://www.sam.gov/ ворид шуда, дар SAM худро ба қайд гиред.
- Дастур барои пур кардани пурсишномаи NCAGE: https://eportal.nspa.nato.int/AC135Public/Docs/US%20Instructions%20for%20NSPA%20NCAGE.pdf
- Пас аз дарёфти рақамҳои DUNS ва NCAGE раванди бақайдгирии SAM -ро дар сомонаи www.SAM.gov давом диҳед.
- Баъди тасдиқ шудани бақайдгирии SAM бақайдгирии созмонро дар Grants.gov идома диҳед http://www.grants.gov/web/grants/applicants/organization-registration.html. Созмонҳо бояд бақайдгирии SAM-ро (www.SAM.gov) бо маълумоти кунунӣ дар тўли муддате, ки онҳо мукофоти федералии фаъол доранд ва ё дархосташон дар ҳоли баррасӣ аз сўи мақомоти федералии мукофотдиҳанда қарор дорад, фаъол нигоҳ доранд. Бақайдгирии SAM бояд ҳар сол таҷдид шавад. Бо дарназардошти ҳаҷми калони дархостҳо, баррасии онҳо метавонад то 90 рўз тўл кашад ва мо наметавонем қабули дархостҳоро ба тартиби инфироди тасдиқ намоем.
- Худро ба ҳайси намояндаи ваколатдори созмон (AOR) ба қайд гиред; ва дар сомонаи www.grants.gov ҳамчун AOR-и созмони худ иҷозат (авторизатсия) пайдо кунед.
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ИРСОЛИ ДАРХОСТҲО
Мўҳлати охирини ирсоли дархостҳо: 1 июли соли 2019 (23:59 ба вақти минтақавии шарқӣ)
Лутфан ҳамаи дастурҳои дар поён овардашударо пайравӣ намоед. Пешниҳодҳое, ки ба талаботҳои эълони мазкур ҷавобгў нестанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
Раванди ирсоли дархостҳо: Барои дархосткунандагон ду усули ирсоли дархост мавҷуд аст. Дархосткунандагон метавонанд дархости худро тариқи усули А ё усули Б ирсол намоянд. Усулҳои мазкур дар поён шарҳ дода шудаанд.
Усули A: Ирсоли ҳамаи ҳуҷҷатҳои дархостӣ ба почтаи электронии: AlumniTajikistan@state.gov. Дархосткунандагоне, ки дархосташонро ба почтаи электронии AlumniTajikistan@state.gov ирсол мекунанд, бояд унвони имконияти маблағгузорӣ ва рақами имконияти маблағгузориро дар сатри мавзўи мактуби элекиронӣ ишора намоянд.
Усули Б: Ирсоли ҳамаи ҳуҷҷатҳои дархостӣ тариқи Grants.gov. Дархосткунандагоне, ки ин усулро интихоб мекунанд, барояшон дастурҳои муфассал оиди тартиби ирсоли дархост дар сомонаи http://www.grants.gov дастрас мебошад. Агар саволҳо дар робита ба Grants.gov ба миён оянд, лутфан ба маркази тамоси сомонаи мазкур 1-800-518-4726 занг занед ё ба сомонаи https://www.grants.gov/support.html ташриф оваред. Бояд дар назар гирифт, ки сомонаи AlumniTajikistan@state.gov наметавонад бо ҳаллу фасли масъалаҳо ё мушкилоти техникӣ, ки дархосткунандагон дар робита бо Grants.gov мувоҷеҳ мегарданд, кўмак намояд.
Дархосткунандагоне, ки аз Grants.gov истифода мебаранд, бояд дар ҳамин сомона (Grants.gov), қабл аз ирсоли дархост, худро ба қайд гузоранд. Бақайдгирӣ дар Grants.gov раванди якдафъаина аст; бо вуҷуди ин, тасдиқшавии бақайдгирӣ метавонад то ду ҳафта тўл кашад. Лутфан, ба раванди бақайдгирӣ дарҳол шурўъ кунед, то ки ин раванд пеш аз муҳлати ирсоли дархостҳо анҷом дода шавад. То даме, ки раванди бақайдгирӣ ба итмом нарасад, ба шумо рамзи ошноии (пароли) истифодабаранда барои Grants.gov, ки барои ирсоли дархост шарт ва зарур аст, содир карда намешавад.
Талабот оиди сари вақт расидани дархост. Тасдиқи сари вақт ирсол шудани дархост.
Агар дархосткунанда дархосташро тариқи усули А ирсол намояд, ба ў лозим меояд, ки тасдиқи қабул шудани дархостро аз PAS дар давоми 10 рўзи корӣ интизор шавад. Агар дархосткунанда тасдиқро дар ин мўҳлат тариқи почтаи электронӣ нагирад, ў бояд ба AlumniTajikistan@state.gov муроҷиат намояд, то боварӣ ҳосил намояд, ки пешниҳод қабул шудааст.
Агар дархосткунанда дархосташро тариқи усули Б ирсол намояд, ў тасдиқи қабул шудани дархост ва рақами идентификатсиониро аз Grants.gov бо интиқоли муваффақиятноки дархосташ дарёфт менамояд. Вақте ки PAS аз Grants.gov дархостро қабул мекунад ва боркунии электронии ҳуҷҷатҳои пешкашшударо тасдиқ мекунад, Grants.gov тасдиқи электронии қабул шудани дархостро ба почтаи электронии Ваколатдори созмон (AOR) ирсол мекунад.
Пешниҳод:
Пешниҳоди лоиҳавӣ бояд танҳо ба забони англисӣ ирсол шавад ва шартномаҳои ниҳоии грантӣ низ ба забони англисӣ тартиб дода шуда, баста мешаванд. Пешниҳод бояд аз бахшҳои зерин иборат бошад:
- Шарҳи мухтасари пешниҳод. Матни мухтасар бо шарҳи лоиҳаи пешниҳодшаванда, аз ҷумла ҳадафу вазифаҳои лоиҳа ва таъсиргузории мавриди интизор.
- Иттилооти муқаддамотӣ оиди ирсоли дархостҳо аз сўи созмон: Тавсифи фаъолиятҳои пешина ва кунунӣ, ки аз қобилияти амалисозии лоиҳа гувоҳӣ медиҳад, аз ҷумла маълумот дар бораи дарёфти грантҳои пешина аз Сафорати ИМА ва/ё ниҳодҳои ҳукуматии ИМА.
- Постановка проблемы: Ифшои яқин, мухтасар ва асосноки мушкилӣ, ки ҳаллу фаслро металабад ва чаро лоиҳаи пешниҳодшаванда зарур аст.
- Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа: «Ҳадаф» шарҳ медиҳад, ки бо татбиқи лоиҳа чӣ ба даст оварда мешавад. «Вазифаҳо» барои расидан ба натиҷаҳои миёндавраӣ дар роҳ ба ҳадаф. Онҳо бояд имконпазир ва қобили андозагирӣ бошанд.
- Чорабиниҳо дар доираи лоиҳа: тавсифи чорабиниҳо дар доираи лоиҳа ва он, ки чи гуна онҳо барои амалисозии вазифаҳо мусоидат мекунанд.
- Усулҳо ва тарҳи барномавӣ: тавсифи он, ки дар лоиҳа барои ҳали мушкилии муқарраршуда ва ба даст овардани ҳадаф кор чи гуна ба роҳ монда мешавад. Ҷорӣ намудани модели мантиқӣ (дар мавриди зарурат).
- Предлагаемый график и сроки осуществления проекта: Муҳлати тахминии иҷроиши чорабиниҳои лоиҳавӣ. Қайд кардани сана, вақт ва макони баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда.
- Ҳайати асосии кормандон (то чаҳор нафар): Ному насаб, мақому вазифа, нақш ва таҷриба/тахассуси ҳайати асосии кормандоне, ки ба лоиҳа ҷалб карда шудаанд. Кадом ҳиссаи вақти онҳо барои дастгирии ин лоиҳа истифода бурда мешавад?
- Шарикони лоиҳа: рўйхати ном ва навъи ҷалбкунии созмонҳои шарикии асосӣ ва зерпаймонкоронро тартиб диҳед
- Нақшаи мониторинг ва арзёбии лоиҳа: Дар бахши «Мониторинг ва арзёбӣ»-и пешниҳоди лоиҳавӣ ба таври муфассал шарҳ дода мешавад, ки чӣ тавр чорабиниҳо дар доираи пешниҳоди лоиҳавӣ барои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои (дар боло зикрёфтаи) барнома мусоидат мекунанд. Пешниҳоди лоиҳавии ба таври асоснок таҳия кардашуда дар бар мегирад:
- Натиҷаҳое, ки грантгиранда дар асоси барномаи тарҳрезишуда мехоҳад ба даст орад. Натиҷаҳо метавонанд ҷузъҳои зеринро дар бар гиранд: тағйирот дар дониш, огоҳӣ ва муносибот; беҳтаргардии сифати хизматгузориҳо; таҳкими зарфият дар мактаб, гурўҳ ва ғ. Пешниҳодоти лоиҳавӣ ҳамчунин бояд иттилоотро дар мавриди он, ки чи гуна грантгиранда оиди рафти ба даст овардани натиҷаҳо (назарсанҷиҳо, мусоҳибаҳо, мушоҳидаҳо ва ғ.) маълумот мегирад, дар бар гиранд.
- Масалан: Агар дар барнома интизор мерафта бошад, ки барномаи омўзиши муаллимон малакаи муаллимро беҳтар мегардонад, дар пешниҳоди лоиҳавӣ бошад малакаеро, ки муаллим ба даст меорад ва инчунин нақшаи гузаронидани назарсанҷӣ қабл ва баъд аз амалисозии барномаи омўзиши муаллимонро, ки тағйирот дар фаҳмишро нишон медиҳад, тавсиф додан мумкин аст.
- Нақшаи баргузории чорабиниҳо аз рўи грант (масалан, интихоби иштирокчиён, семинарҳо, сафар, лексияҳо, бахшҳои омўзишӣ ва ғ.) ва кадом вақт грантгиранда рафти татбиқи грантро тафтиш мекунад, то ки донад, ки чи гуна он иҷро мегардад. Натиҷаҳои чунин тафтишот дар ҳисоботҳое, ки ҳар се моҳ пешниҳод мешаванд, инъикос мегарданд.
- Нақша нишон медиҳад, ки чи гуна фаъолияти грантгиранда умуман ба расидан ба ҳадафҳои барнома ҳиссагузорӣ менамояд. Ба таври муносиб, ҳисоботи ниҳоӣ бо дар бар гирифтани намунаҳои амалкарди мувафақиятомез, рафтори ивазшуда, сабақи андўхташуда ва натиҷаҳои бадастомада таҳия мешавад.
- Натиҷаҳое, ки грантгиранда дар асоси барномаи тарҳрезишуда мехоҳад ба даст орад. Натиҷаҳо метавонанд ҷузъҳои зеринро дар бар гиранд: тағйирот дар дониш, огоҳӣ ва муносибот; беҳтаргардии сифати хизматгузориҳо; таҳкими зарфият дар мактаб, гурўҳ ва ғ. Пешниҳодоти лоиҳавӣ ҳамчунин бояд иттилоотро дар мавриди он, ки чи гуна грантгиранда оиди рафти ба даст овардани натиҷаҳо (назарсанҷиҳо, мусоҳибаҳо, мушоҳидаҳо ва ғ.) маълумот мегирад, дар бар гиранд.
Тавсифи асоснокии буҷет:
Буҷет бояд бо доллари ИМА муҳосиба ва ирсол шавад. Созишномаи грантӣ низ бо доллари ИМА баста мешаванд.
- Дархосткунандагон бояд буҷети муфассал ва асоснокии буҷетро, аз рўи намунаи пешниҳодшаванда, ирсол кунанд. Рўйхати хароҷот бояд то ҳадди имкон муфассал тартиб дода шавад.
- Ба нашр кардани маълумотномаи мухтасар, дастурҳо ва маводҳои иттилоотии оммавӣ иҷозат дода мешавад. Ҳамаи нашрияҳо бояд ба фаъолияти лоиҳа бевосита робита дошта бошанд, бояд дар онҳо шунавандагони мақсаднок тавсиф ёбанд, фаҳмиши дақиқ оид ба муҳтавои мавод, чӣ гуна маводҳо паҳн карда мешаванд, ва инчунин дар онҳо бояд ишора карда шавад, кт кӣ барои паҳн кардани маводҳо масъул аст.
- Музди меҳнат (аз ҷумла андоз аз даромад ва маблағе, ки барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ равона мешавад), таҷҳизот ва хароҷоти дигари маъмурӣ танҳо дар он ҳолат қобили раво мебошанд, агар онҳо бо чорабинии мушаххаси лоиҳа иртибот доранд. Музди меҳнат ё мукофотпулӣ бояд аз рӯи меъёри пардохт ва фоизи вақти фаъолият дар чорабиниҳои вобаста ба барнома ҳисоб карда шавад.
- Кофе-брейк (танаффус барои қаҳванўшӣ) ва таомҳои пешин танҳо дар ҳолатҳои инфиродӣ баррасӣ мешаванд ва бояд бо таври дақиқ асоснок карда шаванд ва ҳадди аксар аз 10% ҳаҷми умумии мукофотро ташкил диҳанд.
- Хароҷоти манзилӣ бояд аз хароҷоти ҳўрокворӣ, ки бо чорабиниҳои лоиҳа иртибот доранд, алоҳида нишон дода шавад.
Шаклҳои ҳатмии дархост: Шаклҳои стандартии 424 дар якҷоягӣ бо дастурамал оиди пур кардани шаклҳои мазкур дар сомонаи http://www.grants.gov/web/grants/forms.html зери сарлавҳаи “SF-424 Family” дастрас мебошанд.
- SF424 (дархост барои дастгирии федералӣ– созмонҳо)
- SF424A (Иттилооти буҷетӣ барои барномаҳои ғайрисохтмонӣ)
- SF424B (Кафолатҳо барои барномаҳои ғайрисохтмонӣ)
Маълумот дар бораи созмон: Дархосткунандагон бояд саволномаи созмон-дархосткунандаро пур кунанд (замима шудааст).
РАВАНДИ БАРРАСӢ ВА ИНТИХОБ
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе комиссияи интихобро, ки аз намояндагони ниҳодҳои давлатии ИМА иборат аст, барои баррасии пешниҳодҳои ирсолшуда таъсис дод. Пас аз ба хотима ёфтани раванди ирсоли дархостҳо, баррасӣ ва тасдиқи онҳо метавонад то се моҳ тўл кашад.
Меъёрҳо
Ҳар як дархост дар асоси меъёрҳои арзёбии дар поён овардашуда баҳогузорӣ ва гурўҳбандӣ карда мешавад.
- Сифат ва қобили амалигардонӣ будани идеяи барнома– 25 хол: Идеяи барнома бояд ба таври комил матраҳ гардад, бо тамоми тафсилот оиди он, ки чӣ гуна чорабиниҳои лоиҳа амалӣ карда мешаванд. Пешниҳодҳо бояд бесобиқа бошанд ва дар онҳо ҳадафҳои равшан ва қобили ба даст овардан инъикос ёбанд. Дар пешниҳод мўҳлати амалигардонӣ бояд ба таври воқеӣ ишора гардад. Фарогирии лоиҳа ба мақсад мувофиқ ва ба таври дақиқ муайян карда шудааст.
- Қобилияти ташкилӣ ва сабти грантҳои қаблӣ – 25 хол:
- Созмон дорои таҷриба дар соҳаи дахлдор мебошад ва қобилияти ичро намудани чорабиниҳои банақшагирифташударо нишон медиҳад.
- Созмон дорои қобилияти хуби банақшагирии муваффақиятомез ва идоракунии масъулиятноки фискалӣ мебошад, аз ҷумла дар иртибот бо системаи идоракунии молиявӣ ва ҳисоби бонкӣ.
- Дархосткунандагоне, ки қаблан маблағҳои грантӣ гирифтанд, бо меъёру қоидаҳои дахлдор мувофиқат карданд.
- Дар мавридҳое, ки шарикон шарҳ дода мешаванд, дархосткунанда нақши ҳар як шарикро муфассалан шарҳ медиҳад ва оид ба шахсоне, ки барои лоиҳа ва идоракунии молия масъуланд, маълумоти шарҳиҳолӣ пешниҳод менамояд. Ҳайати кормандон, захираҳои институтсионалӣ ва шарикон мувофиқ ва ҷавобгў ба талаботҳо мебошанд.
- Банақшагирии лоиҳа / қобилияти расидан ба ҳадафҳо – 15 хол: Нақшаи лоиҳа хуб тарҳрезӣ шудааст, бо тафсилоти кофӣ оид ба он, ки чӣ гуна чорабиниҳо анҷом дода мешаванд. Дар пешниҳод доираи баҳрабардорон, ҷалби иштирокчиён ва минтақаҳои ҷуғрофии зери пўшиши лоиҳа шарҳ дода мешавад. Дар пешниҳод ҳадафҳои возеҳ ва қобили ноилшавӣ тавсиф шудаанд. Дар пешниҳод мўҳлати амалисозии лоиҳа ба таври воқеъбинона ишора шудааст. Фарогирии лоиҳа ба мақсад мувофиқ аст ва ба таври возеҳ муайян карда шудааст.
- Буҷет – 10 хол: Буҷет ва тавсифи асоснокии он ба таври муфассал матраҳ мешавад. Хароҷотҳо дар робита ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва натиҷаҳои мавриди интизор қобили қабул мебошанд. Буҷет ба таври таҷрибакорона тартиб дода мешавад, бо дарназардошти ҳамаи хароҷотҳои лозимӣ барои амалисозии чорабиниҳои банақшагирифташуда. Натиҷаҳо ва ҷамъбастиҳо арзиши умумии лоиҳаро асоснок мекунанд. Унсурҳои буҷет ба мақсад мувофиқ, қобили қабул ва барои тақсим кардан имконпазир мебошанд.
- Мониторинг ва арзёбӣ – 15 хол: Дархосткунанда нишон медиҳад, ки ў қодир аст муваффақиятнокии барномаро аз рўи нишондиҳандаҳои калидӣ андозагирӣ намояд. Дархосткунанда марҳилаҳои пешравӣ ба сўи расидан ба ҳадафҳои дар пешниҳод ифшогардидаро ишора менамояд.
- Устуворгардонӣ – 10 хол: Чорабиниҳои лоиҳавӣ пас аз хотимаи лоиҳа низ таъсири мусбати худро мегузоранд.
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ СУПОРАНДАИ МУКОФОТ:
Хабарномаҳои федералӣ оиди мукофот
Созишнома оиди грант ё созишнома оиди ҳамкорӣ аз сўи корманди масъул дар умури грантҳо таҳия, имзогузорӣ, тақдим ва идора карда мешавад. Созишномаи грантӣ ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда мебошад. Ин ҳуҷҷат барои баррасӣ ва имзогузорӣ ба грантгиранда тариқи почтаи электронӣ ирсол мешавад. Грантгиранда метавонад ба харҷи маблағ барои амалисозии лоиҳа шурўъ кунад танҳо аз санаи оғози лоиҳа, ки дар ҳуҷҷат оиди тақдими грант (бо имзои корманди масъул дар умури грантҳо) ишора шудааст
Эълони мазкур дар бораи имконияти маблағгузорӣ (NOFO) аз дастрас будани маблағ вобаста аст. Агар кадоме аз пешниҳодҳо барои маблағгузорӣ интихоб мешавад, Департаменти давлатӣ ба фароҳам сохтани маблағгузории иловагӣ дар оянда ўҳдадор намебошад. Аз нав барқарор кардани мукофоти грантӣ бо мақсади афзоиш додани маблағгузорӣ ё бардавом намудани муҳлати корҳои лоиҳа дар ихтиёри Департаменти давлатӣ боқӣ мемонад.
Ҳукумати Федералӣ ба супоридани мукофот дар асоси эълон ўҳдадор нест. Нашри хабарномаи мазкур дар бораи имконияти маблағгузорӣ ўҳдадории Ҳукумати ИМА ҷиҳати тақдими мукофот намебошад ва Ҳукумати ИМА-ро барои ҷуброни хароҷотҳо дар робита ба омодасозӣ ва ирсоли пешниҳодҳо ўҳдадор намесозад. Ғайр аз ин, Ҳукумати ИМА ҳуқуқ дорад ҳар кадом пешниҳод ва ё тамоми пешниҳодҳоро рад намояд. Ҳукумати ИМА ҳамчунин ҳуқуқ дорад за меъёри муқарраршуда зиёдтар мукофот тақдим намояд
Талаботҳои сиёсати маъмурӣ ва миллӣ
Шартҳо ва муқаррарот. Пеш аз ирсоли дархост, дархосткунандагон бояд бо ҳамаи шартҳо ва муқаррарот ва инчунин бо сертификатҳои зарурӣ, ки барои дарёфти мукофоти грантӣ талаб карда мешаванд, шинос шаванд, то ки ба мувофиқати онҳо боварӣ ҳосил кунанд. Мувофиқ будан ба талаботи ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: 2 CFR 200, 2 CFR 600, Сертификатҳо ва Кафолатномаҳо, Муқаррарот ва шартҳои Департаменти давлатӣ – ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар сомонаи зерин дастрас мебошанд: https://www.state.gov/documents/organization/271865.pdf
Ҳисоботдиҳӣ
Грантгирандагон ўҳдадоранд, ки ҳар се моҳ ҳисобот оиди рафти иҷроиши барнома ва ҳисоботҳои молиявӣ дар давоми тамоми лоиҳа пешкаш намоянд. Ҳисобот оиди рафти иҷроиши барнома ва ҳисоботҳои молиявӣ бояд пас аз 30 рўзи давраи ҳисоботдиҳӣ ироя шаванд. Ҳисоботҳои барномавӣ ва молиявии ниҳоятан тасдиқшуда бояд пас аз 90 рўз баъди хотима ёфтани муддати лоиҳа ироя шаванд.
Ҳамаи ҳисоботҳо бояд дар шакли электронӣ ирсол шаванд.
Аз мукофотгирандагоне, ки зери риски калон қарор доранд, шояд талаб намоянд, ки зуд-зуд ва ба таври муфассалтар ҳисобот ироя намоянд, то он вақте, ки нишонаи «риски калон» аз онҳо барканор нашавад.
Грантгиранда инчунин ўҳдадор аст, ки ба Сафорати ИМА ҳар сол ҳисобот оиди инвентаризатсияи тамоми таҷҳизоте, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА таъмин шудааст, пешкаш намояд. Барои таҳияи ҳисоботи мазкур, грантгиранда бояд аз шакли SF428 истифода барад. Барои мукофотҳои давомнокиашон камтар аз 1 сол шакли SF428 дар охири муҳлати мукофот лозим меояд.
ТАМОС БО МАҚОМОТИ ФЕДЕРАЛИИ МУКОФОТСУПОРАНДА
Агар шумо оид ба раванди ирсоли дархост барои дарёфт намудани грант ягон савол дошта бошед, лутфан ба суроғаи: AlumniTajikistan@state.gov тамос гиред.
Оиди масъалаҳои марбут ба Grants.gov, лутфан бо Grants.gov тариқи маркази тамоси сомонаи мазкур ба рақами 1-800-518-4726 занг занед.
Барои гирифтани маълумот дар бораи раванди қабул намудани Созишнома оиди мизони хароҷоти ғайримустақим (NICRA), лутфан бо Доналд Ҳантер тариқи HunterDS@state.gov тамос гиред.