Сафорати ИМА дар Душанбе таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсияро ба Фурудгоҳи байналмилалии ш. Душанбе тақдим мекунад

Рузи сешанбе, санаи 22 октябр Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими буридани лента бахшида ба тақдими таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия ба Фурудгоҳи байналмиллалии ш. Душанбе иштирок намуд.  Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD), дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрия шудааст.  Таҷҳизот аз тарафи Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва хизматрасонӣ карда мешавад ва барои мубориза бар зидди қочоқи маводи ҳастаӣ, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад, истифода бурда мешавад.

Аз соли 2013 инҷониб Идораи муайянкунанадаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) беш аз 2,7 миллион доллари ИМА-ро барои дастгирии кӯшишҳо баҳри мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиологӣ харҷ намудааст.  Дар давоми ин муддат NSDD Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳашт адад системаи муайянкунӣ ва чор адад борхалта барои муайян намудани радиатсия таъмин намуд.